ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
– Дар ин кор саросема шудан лозим нест. Андеша кардан даркор, сабр даркор, ҳеҷ набошад, то хатми таҳсил ин корро ниҳоят махфӣ бояд нигоҳ дошт. Ба ҳар ҳол, ману ту муаллим ҳастем. таътил ҳам наздик омадааст. Ман аз пайи беҳбудии ин кор мешавам. Ҳар чи аз дастам ояд, барои бахти ту дареғ намедорам.
– Падари азиз! – гуфт Абдулло – чунонки мегўянд, «илоҷи воқеа қабл аз вуқўъ бояд кард, набошад мумкин аст орзуҳои ҷавонии мо абадӣ барбод равад» – гуфту бо ҳамон рўймолча ашки чашмонашро пок кард.
Ин ҳолат маро ба изтироб андохт, такроран пурсидам:
– Магар ягон ҳодиса рўй додааст?
– Бале, муаллим, ҳодисаи мудҳише… Ду-се рўз пеш аз қишлоқи ҳамсоя ҳамон ҳазрати эшон овозаи ҳусну ҷамоли Назрияро шунида, ба назди падари ў кас фиристодааст, ки гўё ким – чӣ хел хобҳо дида бошад, талаб кардааст, ки Назрияро фавран аз мактаб рафтан нигоҳ доранд. Гуфтааст, ки «Ҳафтаи оянда, рўзи ҷумъа бо ду дасти адаб назри маро бурда ба хонаам супоред, агар дер кунед, ба авроҳи гузаштаамон, чунон дуои бад мекунам, ки дару деворатон ҳамороҳи худатон сўхта хокистар мешаванд».
Дирўз бегоҳӣ модари Назрия ин воқеаро ба ман гуфт ва илтимос кард, ки шуморо низ огоҳонам. Падари Назрия бошад, дар тараддуди ба чанголи гург фиристодани духтар аст, ба доду вою аламу ҳасрати модар нигоҳ накарда, «гап якта – худо якта»
мегуфтааст.
Баъд аз шунидани ин гапҳо ман низ сари калобаро гум кардам. Сабаби ду – се рўз ба мактаб наомадани Назрия маълум шуд. Монанди лентаи кино ҳазор хел фикру хаёл аз назарам мегузаштанд. Ҳар дақиқа қимат ва ғанимат буд, ҳатто барои ба ягон ҷой, ба ягон идораи дахлдор додани ин ҳодиса фурсат намерасид. Ба Абдулло гуфтам:
– Зуд пайи сариштаи кори худ шав. Аз назди модар гузар, маслиҳати ўро гир, ман ҳоло ба назди раиси ҷамоат меравам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё