ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Идораи ҷамоат аз қишлоқи мо хеле дур буд. Бо вуҷуди ин, дар нимаи шаб, яккаву танҳо, ҳарчанд замона тинҷ набуд ва дар ҳар қадам бо унсурони бегона (босмачиҳо, роҳзанҳо, мактабдорҳо) дучор омадан мумкин буд, ба сўи идораи ҷамоат раҳсипор шудам…
Вақте ки аз Совети қишлоқ бо раиси ҷамоат баргаштем, тахмин соати ҳафти пагоҳ шуда буд. Ҳаво софу беғубор, бўи гулу гиёҳу майса машоми касро муаттар мекард, паррандаҳо ба ҳар тараф нағмасароӣ мекарданд, дарахту буттаҳо ғарқи гул буданд.
Мо савора аз роҳи печ дар печ дар тарафи нишеб мефаромадем. Раиси ҷамоат, ки Давлатёр ном дошт, аз ин таровати ҷонбахши ҳусни баҳор ба шавқ омада, суруди «Ошиқам, ошиқ ба рўят» – ро замзама мекард.
Чун суруд ба поён расид, оҳе аз ҷигар кашиду гуфт:
– Мудирҷон, аз афти кор, умрамон бо мубориза ба охир мерасаду рўи зиндагии нави дар роҳаш ҷон бохтаамонро ба серӣ намебинем. Подшоҳашро зада пеш кардем, Фузайлаш баромад, ана, мудирҷон, нишонашро дар дасту по монду худаш фано шуд, мана боз ҳазратҳо сар бардоштаанд. Кай як дами хуш мебинем-а? Хайр, парво накун, мудир, майлаш, чунонки шоир гуфтааст, мурда ба биҳишт равам ҳам, мехоҳам, ки дар он ҷо душман бошаду бо ў мубориза барам. Ин муборизаҳо ҳам лаззате доранд, – ва ў ногаҳон лаҷоми аспашро кашид. Дар назди мактаб, падару хешу табори Назрия ҷамъ омада маро ба ангушт нишон дода, бо қаҳру ғазаб чизе мегуфтанд. Ба гўши раиси ҷамоат гуфтам:
– Воқеан, нохушие рўй додагӣ барин.
Падари Назрия ба ман рў оварда гуфт:
– Рафиқ мудир, нону намаки халқ касро кўр мекунад!
Мо бо ҳамин умед фарзандонамонро ба дасти шумо супоридем, магар? Ин чӣ кори кардагиатон? Духтарам канӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё