Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Паси ҳам овозҳо пасту баланд мешуданд.
Раиси ҷамоат аз ман пеш гузашт ва сабаби воқеаро пурсид.
– Рафиқ раис, ду-се рўз боз Назрия касал буд, ҳамин шаб ногаҳон ғайб зад. Ҳама ҷоро сўзанкоб кардем.
Дараке наёфтем. Маълум шуд, ки муаллими қишлоқ, шайтонбачаи маккор Абдулло ҳам нест. Ў аспи қаравули мактабро дуздида, Назрияро ҳамроҳаш гирифта гурехтааст. Мо медонем, ки инҳо ҳама бо маслиҳати калони мактаб, мана ин мудир шудааст.
Зомини хуни духтари мо ҳамин кас аст. Дар назди қонуни ҳукумати шўро аз ин кас ба ҷои хуни духтарамон хун талаб мекунем… Бе ин наметавонам.
Аз ҳар тараф овозҳои «дуруст, дуруст!» – баланд мешуданд. Ман борҳо:
– Рафиқон! Дўстон! Падарон! Хешон! Агар бовар кунед, ман аз мурдани худ хабар дораму аз гум шудани Назрия не. Шаб ҳамроҳи раис дар қишлоқи ҳамсоя будам, – вале касе эътибор намедод.
– Ҳа, дар қишлоқи ҳамсоя буданатро медонем, ҳамаи корҳоро ташкил кардӣ ва барои ин ки дар чашми мо хок пошӣ, ба он ҷо рафтӣ, – гуфт падари Назрия халифа Саттор.
Раиси ҷамоат пеш гузашт:
– Хомўш! – гўён ба гап даромад. – Халифа Саттор, аз рўи шунидам ҳазрати эшон бо мудирҳояшон шаб дар хонаатон буданд – ку, эҳтимол, духтаратонро ягон сеҳру ҷоду карда бошанд. Ҳазратамон гоҳ – гоҳ ҳамин хел қилиқҳо доранд.
Падари Назрия гиребонашро дошта:
– Тавба, ё тавба! – мегуфт. – Дар ҳаққи ҳазратам шаккокӣ накунед, ки даҳонатон метобад! Дурўғ нагўед, он зоти шариф дар хонаи ман набуданд…
Дигарон баъд аз шунидани ин дурўғи Саттор халифа каме хомўш шуданд ва байни якдигар пичир – пичир карданд.
– Раветон, ба хонаҳоятон, бародарон! – гуфт раиси ҷамоат, – дар пои духтаратон хор намехалад.

пешина
аз 163
навбатӣ