Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Мо ҳамроҳи мудир, агар ба қаъри замин рафта бошад, аз мўяш ва агар ба осмон парида бошад, аз пояш кашида мегирему ба дастатон месупорем. Фақат аз шумо илтимос, ки овозаву дарвоза накунед. Халифа! Донед, ки ин гап хонадони шуморо бадном мекунад!
Мардум ҳар тараф парешон шуданд. Ману раис дохили идораи мактаб шудем. Раис, баробари дар паҳлўи миз нишастан, ба рўи ман синча карда:
– Рафиқ мудир, кори нағз нашудааст – дия.
Муаллиматон андак бачагӣ кардааст! – гуфт. – Хайр…
Лекин шумо аз худ эҳтиёт шавед, якчанд рўз ҷои хобатонро иваз кунед. Замона хело нозук, миш – миши Иброҳимбек ҳазратҳоро ба кор андохтааст. Аз майдатарин воқеаҳо истифода бурданӣ мешаванд.
Бегоҳ ҳардуямон ба қишлоқи боло меравем, хайр?
Ман розӣ шудам…
… Баъди ду – се рўз мактубе гирифтам.
Ассалому алейкум, падар ва муаллими азиз! Аз шумо авф мепурсем. Албатта, аз ман сахт ранҷидагистед.
Аммо чӣ илоҷ? Чораи дигар набуд. Он шаб аз пеши шумо баромадаму дар таги чанори назди мактаб ба модари Назрия дучор омадам. Бовар кунед, ки дар он лаҳза ҳолати модари зорро шумо ҳам медидед, чораи дигаре наандешида, худи ҳамин тавр рафтор мекардед.
Модар аз гиря гулўгир шуда буд, дастонаш меларзиданд. «Писарам, дасти ману домани ту, эшон бо мудирҳояш ба хонаамон зада даромаданд. Ҳошокалло «ҳозир Назрияро никоҳ карда медиҳеду халос» гуфта истодаанд. Ба ҳоли модар раҳм кунед, илоҷе карда аз дасти ин пири бедодгар духтарамро наҷот диҳед», гуфт.
Муаллими азиз, фикри дигар накардаму гуфтам, ки баъд аз даҳ дақиқа дар лаби чашма бо Назрия ҳозир шавед. Модар гуфт, ки ҳоло гўштбирён дар дег аст, мераваму ба табақҳо мекашаму ҳамин ки машғули хўрдан шуданд, дар ҷои ваъда тайёр мешавем.
Ман хостам, ки ҳар чӣ шавад ҳам, шуморо як сари қадам бинам, набудаед.

пешина
аз 163
навбатӣ