Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар саҳни мактаб аспи қаровулро дидаму вақтро ғанимат дониста, онро савор шуда ба сўи мақсад раҳсипор шудам. Назрия аллакай ҳозир шуда буд. Худро ба рўи асп ба қафои ман гирифт.
Лаҷоми аспро гардондем: «Ё ҷонвари вафодор, акнун худат медонӣ!» гуфта, ду – се қамчин дар пушти ёлаш задам.
Тахминан баъд аз соате ҳаёҳуи одамон ва чарсоси суми асп аз қафо торафт ба гўши мо наздик шудан гирифт. Маълум шуд, ки одамон аз воқеа пай бурдаанд ва моро таъқиб мекунанд. Сипоҳиро аз даст надода дар сари дуроҳа чапғалат дода, зуд аз асп фуромадему дар байни буттаву харсангҳо пинҳон шудем. Аспро дар пушти сангчилӣ дар шохи олуча бастам. Фурсате нагузашта се-чор аспакӣ ҳам дар дуроҳа намоён шуданду ба кадом роҳ рафтанро надониста таваққуф карданд. Ғудур-ғудур гап задани онҳо баръало шунида мешуд. Хуб тарсидем. Агар бинанд чӣ? Қариб нафасгир шуда будем. Аспро намегўед. Раваду шиҳа кашад, пой кўбад…
Аз тарафи чап дарёи Сурхоб мавҷ мезаду ғалаён мекард ва гоҳ-гоҳ садои гуфтугўи одамонро пахш менамуд, гўё ба ҳоли мо раҳм карда, моро ба паноҳаш мегирифт. Бо вуҷуди ин, торафт ваҳм дар дили мо зиёд мешуд. Хусусан пай бурдам, ки Назрия ниҳоят тарсидааст, оҳиста мегўяд:
– Биё, пеш аз ба даст афтидан, худро ба дарё мепартоем. Ман «сабр кун» гўён ўро тасалло медодам.
Муаллим, аспро арабҳо «фарас» мегўянд, ки рост аст. Дар ин лаҳза фаросатнокии ин ҷонвар бори дигар ба ман маълум шуд. Шиҳа задан он тараф истад, ҳатто пояшро ҳам намеҷунбонид.
Хулоса, таъқибкунандагон аз мо гузаштанду дар пардаи шаб ниҳон шуда рафтанд. Тахминан баъд аз якуним соат, эҳтимол, диданд ки «на пай ҳасту на Ҳайдар» ноумед шуда, баргашта рафтанд. Каме ҳар ду нафас рост кардем. Баъд аспро савор шуда, ба сўи сарнавишт роҳ паймудем.

пешина
аз 163
навбатӣ