Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамон шаб дар қишлоқи Навдона дар хонаи аммаам хоб кардем. Пагоҳ барвақт дохили идораи шўъбаи маорифи район шудем. Ин саргузаштро батафсил ба мудири маориф ҳикоят кардам. Ин мард, ки одами фозил ва боақл аст, бо шунидани ин ҳикоя гоҳ ғазабаш меомад, гоҳ табассум менамуд, гоҳ маро «педагог»
гуфта сарзаниш мекарданд. Гоҳо «нағз кардӣ» ва гоҳо «хуб накардӣ» мегуфт.
Муаллимҷон! Дар оянда ба шумо муфассалтар дар ин бора менависам. Ҳоло ҳамин қадарашро мегўям, ки Назрия ба омўзишгоҳи педагогӣ дохил шуд. Ман бошам, методисти маориф. Вақтамон хуш, димоғамон чоқ, факат Назрия гоҳ-гоҳ падару модарашро ёд мекунад. Гоҳо монанди кабўтари озод дар ҳавои умеду орзуҳои калоне бол мезанад. Умед аст, ки ҳама корҳо ба некӣ меанҷоманд.
Муаллими азиз! Фелетони шумо «Эшон – устои шайтон»-ро ҳамроҳи Назрия дар газета хондем. Бисёр ҳам маъқул шуд. Ҳоло ин фелетон нуқли дўстон гардидааст. Хайр, саломат бошед.
Такроран авф мепурсам.
Бо камоли эҳтиром, Назрия ва Абдулло».


– Сухан ба депутат Одина Абдуллоев дода мешавад,
– гуфтани раиси Сессия маро аз олами хаёл берун кард.
Ба минбар бо қадамҳои ботамкин Одина баромад. Ў дар бораи корҳои хоҷагии район, парвариши пахта, тарбияи агрономҳои ҷавон, махсусан дар хусуси иҷрои ўҳдадорӣ сухан меронду сабаб чист, ки торафт бештар ҳаяҷон мегирифт – дилам саршори ҳисси ифтихор мешуд.

пешина
аз 163
навбатӣ