Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Садриддин НУРЗОДА
номзади илми филология

ҶАЛОЛИЯТИ ШАХСИЯТУ
ШЕЪРИЯТИ СУХАНВАР

Тинати табиат аҷиб аст: якеро тиҳидаст меофарад, ба дигаре саховатмандона истеъдоди худододӣ мебахшад.
Устод Боқӣ Раҳимзода яке аз хуштолеъонест, ки ҳам ба дақиқаназарию сухансанҷӣ, ҳам ба ҳаҷву танз ва зарифию базлагўӣ, ҳам дар одаму истеъдодшиносӣ соҳибҳунар ба ҳисоб меояд. Ин ҳама аз роҳи сахопешагию сухани шоир, меҳнаткашию инсондўстиаш буда, ўро ба мартабаҳои баланди донишу маърифат расонидаанд.
Боқӣ Раҳимзода аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик мебошад. Унвонҳои баланди Шоири халқии Тоҷикистон (1974), барандаи Ҷоизаҳои давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва Созмони ҷавонони ҷумҳурӣ, дорандаи орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат (ду бор) ва Нишони Фахрӣ, ифтихорномаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ва чанд ҷумҳурии дигари собиқи шўравӣ, медали Барои меҳнати шуҷоатнок, ба муносибати садсолагии рўзи таваллуди В.И. Ленин ва ғайраро барои хизматҳои шоисатааш дар инкишофи адабиёти муосири тоҷик ва пойдоргардонии робитаҳои адабию дўстии байни халқҳо ба ў муносиб дидаанд.
Қалами устод Боқӣ Раҳимзода дар рўзгори эҷодкорияш аксар ба масъалаҳои муҳими замон дахл карда, дар ҳар соҳа ҷавоб гуфтааст ба саволҳои зиёди зиндагӣ. Ин аст, ки ўро бештар дар байни бинокорони Нораку Ёвон, пахтакорони водии зарнисори Вахш, дар байни коргарони заводу фабрикаҳо ва ё дар сўҳбати меҳнаткашони деҳоту ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ дучор меомадем. Шоири маҳбуби халқ ва шахси кушодадидор устод Боқӣ Раҳимзода дар гўшаю канори ҷумҳурӣ доимо меҳмони азизи мардум буду ашъори баландпарвозу ҳақиқатнигораш чун аслиҳаи бурро ва иштирокдори бевоситаи ҳаёти нав хизмат ба ҷо меовард.

пешина
аз 163
навбатӣ