ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Устод Боқӣ Раҳимзода, ки худ доимо дар ҷустуҷўи эҷодӣ буд, дар кашфи истеъдоду тарбияи як идда ҷавонони эҷодкор ва умуман равнақи шеъри тоҷик саҳми баарзише гузошт. Ин аст, ки ў дар ташаккули ҳунари суханварӣ барои шоирони намоёни имрўзаи тоҷик ҳуқуқи устодро дорад. Дастпарварони ў, ки худашон имрўз ба дараҷаи камолот ва устодӣ расидаанд, мураббии худро бо эҳтиром ба ёд меоваранд ва корномаи эҷодии ўро идома ва инкишоф медиҳанд. Истеъдоди шеършиносию шеърфаҳмии Боқӣ Раҳимзода ба ў чун мураббӣ мададгорӣ кард, ба ин васила чанд зумра шоирони хуштабъро, ки ҳоло устоди сухан ҳастанд, аз ҷумла: М. Қаноат, Лоиқ, Қ. Киром. М. Бахтӣ, Б. Собир, Гулрухсор, Камол, Гулназар, С. Маъмур, Р. Назрӣ ва дигаронро ба камол расонд. Ҳоло ин дастпарварони ў чун пешоҳанги ашъори тоҷик дар равнақи суханварӣ иштироки фаъол доранд. Хизматҳои Боқӣ Раҳимзодаро чун давоми анъанаҳои неки устодон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода дар боло будани шаъну шарафи инсон, обрўю иззати одамӣ ва шеъру сухан донистан равост. Ўро хонандагон чун шоири сермаҳсул бо чандин маҷмўа мунтахабот ва куллиёташ хеле хуб мешиносанд.
Як силсила шеърҳои шоир, ки ба ифодаю ибрози орзуҳои тозаи ў дар сари мизаш нотамом монда буданд, чанде қабл ба унвони «Офтоби сари кўҳ» ба табъ расидаанд. Аз ин маҷмўа низ пайвастагии суханвар бо имрўзу фардои халқи нусратёраш пеши назар меояд.
Чунон ки шоир фармуда:
Ба дил ҷўшу хурўши тоза бахшад,
Ба шоир завқи беандоза бахшад.
Ки шеъраш рафъати маънӣ пазирад,
Ба сони рўди кўҳӣ роҳ гирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё