Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Равад дар баҳри дилҳо мавҷ резад.
Занад туғёну бо тўфон ситезад.
Зи худ ангезад эъҷози замонро,
1 Ба рўӣ каф бидорад осмонро Беҳтарин сифати адабиёти сермиллати шўравӣ дар пайвастагии вай бо ҳаёти воқеӣ зоҳир мегардад. Устод Боқӣ Раҳимзода низ як тан аз ҳамин гуна шоирон ҳисоб меёбад дар ҷодаи суханварӣ. Вай аз зумраи қаламдастонест, ки дар миёни солҳои сӣ ба майдони адабиёти тоҷик ворид гардид. Шоир анъанаҳои неки устодон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Раҳимӣ, М. Аминзода, А. Ҳамдӣ, Б. Азизӣ ва дигаронро давом ва такмил дода, дар роҳи иҷрои вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ сахт камари ҳиммат баст ва талош варзид. Ў якҷоя бо устодон М. Турсунзода, М. Миршакар, Ҷ. Икромӣ, Р.
Ҷалил, С. Улуғзода, А. Деҳотӣ ва дигарон ботадриҷ қувва ҷамъ оварда, зина ба зина ба пояҳои нави эҷодӣ расид.
Солҳои 1935-1936 як гурўҳ истеъдодҳои ҷавон ба адабиёти тоҷик ворид гардиданд, ки дар байни онҳо Б.
Раҳимзода, Н. Маъсумӣ. Ҳ. Юсуфӣ, Т. Пулодӣ, Н.
Шанбезода ва чанде дигарон бо овозу сабки тозаи худ ба олами шеъру адаб таровати нав оварданд. Кайфияти баланди гароиш ба шеъру меҳнатдўстӣ ва шароитҳои мусоиди тарбияи ҷавонон ба ин гурўҳи завқманди адабиёт имконият фароҳам меовард, ки ҳамзамон бо ҷўшу хурўши зиндагӣ қадам бардоранд ва дар як муддати кўтоҳ дар сафи намояндагони маъруфи адабиёт мақом ёбанд .
Аввалин шеърҳои шогирдонаро Боқӣ Раҳимзода ҳангоми таҳсил дар Омўзишгоҳи омўзгории Самарқанд, баъдтар дар нимаи аввали солҳои сиюм ба табъ расонид. Боқӣ Раҳимзода то ба дараҷаи шоири маъруф расиданаш чанд зинаро пушти сар мекунад.
Эҷодиёти гуногунсоҳаи ў батадриҷ камол ёфта, дар

Б. Раҳимзода. Офтоби сари кўҳ. Душанбе, 1986, с. 18.

пешина
аз 163
навбатӣ