ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
шаклҳои мусаммат, суруду достон, ҳикояву очерк, пйесаю либретто сурат мегирад. Осори домангустари ў бештар ба мавзўъҳои байналхалқӣ, Ватану ватандўстӣ, сарбози шўравӣ ва муборизаи онҳо барои ҳаёти нав, инкишофи мактабу маориф ва ҳаёти осудаи коргару деҳқони тоҷик бахшида мешавад.
Ғаноияти диловези ў, ки дорои мазмуни баланди иҷтимоию сиёсист, дар алоқамандӣ бо ҳаёти воқеӣ, зиндагии мардум рангинтар мегардад.
Қаҳрамони ғиноии ў доимо дар такопў ҳаст, дар корхонаҳо ҷидду ҷаҳд нишон дода, дар худ орзую омол, ишқу муҳаббат ва сўзу гудози дили муосиронро таҷассум менамояд.
Як омили шўҳрати Боқӣ Раҳимзода дар истеъдоди драманависии ў падид меояд. Дар драматургия ў чун мазҳаканавис ба комёбиҳо ноил мегардад.Пйесаҳои якпардагию сепардагиҳои вай аз қабили: «Қиссаи Таърифхўҷаев» (бо ҳамкории А. Деҳотӣ, 1953), «Дар сояи шипанг» (бо ҳамкории М. Рабиев, 1954), «Чинори гўё», «Гавҳари тилло» (бо ҳамкории С. Саидмуродов, 1956), инчунин либретто-операи «Садриддин Айнӣ (бо ҳамкории Н. Исломов, 1957) ва намоишномаи силсилавӣ телевизионии «Сияҳсувор» асарҳоеянд, ки муваффақиятҳои ҳаёту меҳнати халқи тоҷик ва натиҷаҳои пурсамари муборизаи вайро дар роҳи ҳаёти нав васф намуда, нуқсу иллати шахсони ҷудогонаро зери тозиёнаи танқид гирифтаанд. Ҳикояю очеркҳои ў, ки дар маҷмўаи «Саргузашти Соқӣ» ҷамъ омадаанд, ба мароми латифаҳои халқӣ эҷод шуда, ба хонанда ҳаловати махсус мебахшанд.
Фаъолияти пурбаракати Боқӣ Раҳимзода фақат дар нашри паёпаи маҷмўаҳои осори ў зоҳир намегардад.
Оламу одамшиносӣ ва завқи доимо ба ҷавонони соҳибистеъдоду меҳнаткаш ва рафиқони ҳамкасбу кор дасти имдод дароз кардан низ аз фарҳанги баланду одамдўстии беғаразонаи ин шахси мўътабар дарак медиҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё