Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кайфияти баланди зебоипарастӣ ва ғоявӣ Боқӣ Раҳимзодаро ба ташвиқи доманадори назми адабиётҳои гуногун водор месозад. Хонандаи тоҷик тавассути тарҷумаҳои ў беҳтарин намунаҳои ашъори Николай Тихонов, Михаил Светлов, Алексей Сурков, Степан Шипачёв, Тетрус Бровка, Зулфия, Николай Доризо, Муҳаммад Раҳим, Набӣ Хазрӣ, Сирбой Мавлонов ва дигарон шиносоӣ дорад.
Истеъдоди шоирро дар истифодаи навъҳои гуногуни мусаммат (мусаллас, мураббаъ, мухаммас, мусаддас ва ғайра), рубоӣ ва тозапардозиҳои ўро дар манзумҳои хамосӣ махсус таъкид кардан лозим меояд. Агар маснавиҳои «Ду гулдаста», «Дараи Камароб», мусаддаси «Сурудам, пахтазорон рав» ва баъзеи дигарро, ки ба достон майл доранд, имтизоҷи осори лиро – эпикии шоир донем, пас «Раҳи нури офтоб» – ро (1964, бо ҳамкории М. Турсунзода ба қалам омадааст) нахустин достони воқеъгароии ў метавонем шуморид.
Достонҳои «Қиссаи кўҳсор», (1969), «Эъҷози санъат»
(1969) ва «Қиссаи нотамом» (1970), ки моломоли эҳсосу ҳамосотанд, шўҳрати шоирро чанд рутба баланд бардоштаанд. Осори дилписанди Боқӣ Раҳимзода дар давоми бештар аз 45 сол диққати бисёр мунаққиду адабиётшиносонро аз ҳар ҷиҳат ҷалб мекард.
Гуфтан лозим, ки аз санҷишҳои зиёди зиндагӣ ва меҳнатии соҳаҳои гуногун сарбаландона гузашта, ба адабиёт омадани Боқӣ Раҳимзода ҳеҷ гоҳ тасодуфӣ нестанд. Ў, ки дар оилаи Мулло Раҳими мударрис ба дунё омада буд, дар нўҳсолагӣ аз завқи илмдўстӣ ва табъи шоирию сурудхонии падар бархудор ва ба саводи ибтидоӣ соҳиб мегардад. Баъди фавти падару модар Боқии ятим барои ёфтани қути лоямут ба корҳои деҳқонии амакаш ва дигар ҳамдеҳагон кўмак мерасонад, аммо лаҳзае аз шеъру адаб дурӣ ва канораҷўӣ намеварзад. Пас аз барқарор шудани Ҳокимияти Шўравӣ Боқии хурдсол дар мактаби нави шўравӣ таҳсил мекунад. Роҳбалади илму донишомўзӣ ва ташаккули шахсияту фардияти ў ба ҷуз муаллимони мактабаш: Муллоҳофизи Шулмакӣ, Шарофи Язғуломӣ, Мулло Бадал, боз як зумра одамони фозилу некрой, ба мисли Мирзоабдураҳим Одинаев, Мирзомақсуди Дарвозӣ (шоири Дарвоз) ва чанде дигарон буданд.

пешина
аз 163
навбатӣ