ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Боқӣ Раҳимзода аз шоирони сермаҳсул ба ҳисоб меравад. Маҷмўа ва мунтахаботи якҷилдаю дуҷилдаи ашъору достонҳои ў таҳти номҳои «Ба фронт» (1945), «Кўҳистони дурахшон» (1948), «Боли ҳунар» (1963), «Чашмасор» (1959), «Роҳи тайшуда» (1966), «Қиссаи кўҳсор» (1970), «Илҳом» (1973), «Мунтахаби дуҷилда»
(1976), «Куллиёти дуҷилда» (1981), «Офтоби сари кўҳ»
(1986), нашрҳои русии онҳо мисли «Мои песни» (1951), «Родник» (1957), «С крыши мира» (1973), «Чудо» (1978) китобҳои дўстдоштаи хонандагон буданд ва гумон меравад, ки толибони ин асарҳо имрўз ҳам кам нестанд.
Шоир барои бачаҳо низ бисёр асарҳои арзандае эҷод кардааст, ки шеъру афсонаҳои «Иди ҳаёт», «Ибтидои таҳсил», «Хабари хуш», «Мўсича ва рўбоҳ», «Чашмаш ало шуд» ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳо буда, дар вақташ мақбули хонандагони хурдсоли серталаб гардиданд ва дар тарбияи атфол нақши намоёне бозидаанд.
Эҷодиёти Боқӣ Раҳимзода аз солҳои 1931 – 1932 оғоз ёфта бошад ҳам, вале фаъолияти адабии ў асосан аз нимаи дуюми солҳои сиюм ба расмият медарояд. Аз солҳои сиюм ба баъд дар рўзномаю маҷаллаҳо якчанд шеъри ў чоп шуда, ўро ба сафи шоирони ин даҳсола овардаанд. Чунин аст феҳристи як қисм аз он шеърҳо:
«Рафиқ» (1934), «Ба қаҳрамони Ватан» (1934), «Ба падар» (1936), «Баҳория» (1936), «Душанбе», (1936), «Номи наҷотбахш» (1936), «Октябри бисту як сола»
(1936), «Ба духтурдухтар» (1938), «Дилбари бадахшонӣ»
(1939) ва ғайра. Дар байни ашъори инфиродии ў асарҳоеро низ ба мисли: «Савганд» (1937) ва «Ба қаҳрамони Ватан» дучор меоем, ки аз ягонагии кайфияти шахсию ҷамъиятии қаҳрамони ғиноӣ дарак дода, барномаи эҷодию сиёсии шоирро пеши назар меоварданд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё