ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Эй кишвари зебои ман, эй тозабаҳорам,
Аз туст маро донишаму шўҳрату корам.
То ҷон бувадам, назди ту, ин аст шиорам,
1
Нозам, ки чунин кишвари зебост маконам.
Ин гуна ақидаи вафодорӣ ва садоқат беш аз пеш дар ашъори баъдинаи ў тақвият ёфта, дар шеърҳои «Шодии дил», «Ба рафиқи коммунистам» ва баъзеи дигар бо андешаҳои амиқу мушаххас мустаҳкам шудаанд.
Солҳои ҷанг дар назди адибони шўравӣ вазифа меистод, ки баробари бедор кардани ҳисси ватандўстӣ, инчунин ҳисси нафрату ниқоргириро аз душман ба мардум омўзонанд. Боқӣ Раҳимзода дар ин мавзўи муҳим як силсила шеърҳоро пешкаши ҳаводорон мегардонд. Ў дар шеърҳои «Интиқом», «Дар мудофиаи дил» ва «Сипоҳи сурх» нафрати бепоёни халқи шўравиро ба хунталабони фашизм ва илҳомдиҳандагони онон – олами сармоя баён карда, эътиқоди ўро ба ғалабаи ногузири Ватан ва артиши шўравӣ комил месозад. Шеъри ў «Интиқом» даъватест ба ҳамовозии Ватан ва мунавварфикрони ҷаҳон, ки наҷоти ҳамаи халқҳои Аврупоро аз вабои фашизм дар корнамоии сипоҳи шўравӣ медиданд:
Бизан он хасмро, ки Аврупо Зери дасташ харобу вайрон шуд.
Хасм бар мо ҳуҷумҳо овард, Худаш оғўшта шуд ба хоку хун.
Нест ҷуз марг чорае дигар,
2 Ба ту, эй хасм, Гитлери малъун.
1 Б. Раҳимзода. «Роҳи тайшуда», Душанбе, 1966, саҳ. 13.
2 Дар ин ҷо ва минбаъд иқтибосҳо аз «Куллиёт»-и дуҷилдаи (солҳои 1981 – 1983) осори Боқӣ Раҳимзода оварда мешаванд.
Рақами якуми қавсайн ишора ба ҷилд, рақами дуюм –ба саҳифаи он аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё