Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба ин маънӣ мавзўи ягонагии ишқу шеър ва мафҳуми муродифии меҳри маҳбубаю Ватан дар шеъри «Паймон кардаам» чунин тасвир ёфтааст:

Баҳри ҳифзат дилрабо, ман аҳду паймон кардаам,
Истилогарро аз ин кишвар гурезон кардаам.
Аз ҳамон рўзе, ки фармонат гирифтам то кунун
Даста-даста хасмро маҷрўҳу беҷон кардаам.
Аз дабистони муҳаббат хондаам дарси вафо,
Ишқи покатро чу дил дар сина пинҳон кардаам.

Дар шеъри «Ойгул Муҳаммадҷонова» ҷинси латиф ҳам дар задухўрдҳои шадид бо мардон шарикӣ мекунад. Чун ҳамдами бовафо ҳамаи нозукиҳои муҳорибаро бо онон ба ҳам мебинад. Аз ин хотир метавон гуфт, ки корномаи зиндагии духтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова (лётчикзан), бо ордени Ленин сарфароз гардидани ў дар шеъри Боқӣ Раҳимзода ҳам барои таърих ва ҳам барои муосирон абадӣ дарҷ ёфт:

Эй лочини пуршукўҳи озод,
Гардида ба кори разм устод.
Болу пари ту бувад зи пўлод,
З-он бомба ба фарқи хасми ҷаллод.
Эй духтари номдори тоҷик,
Эй лоиқи ифтихори тоҷик (1. 73-74).

Комёбиҳои индавринаи шоир дар мазмуну мундариҷаи ҳаётии осораш, дар оҳанги публисистӣ ва эътиқоди иҷтимоию сиёсии онҳо акс ёфтаанд. Ашъори солҳои ҷангии Боқӣ Раҳимзода шоҳиди арзандаи дили ҳассосу виҷдони поку матини шаҳрванди шўравианд, ки шарики ғаму андўҳ ва шодию сурури халқу Ватани музаффари мо будани ўро намоиш медиҳанд.
Ғаноияте, ки ибтидои шеършиносӣ ва шеърофарии Боқӣ Раҳимзода бо эҷодиёти ў бо серҷиҳатии худ ворид шуда буд, дар таълифоти баъдиҷангиаш боз ҳам ғанитар гардид. Истеъдоди комили ў акнун болу пар кушода, худи рўзгори пуршаъну шарафи халқи мо вайро ба пеш мехонд.

пешина
аз 163
навбатӣ