Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ГУЛИ САДБАРГ

Ту ҳусни рўи гулҳоӣ, гули садбарг,
Ба хушрўӣ ту яктоӣ, гули садбарг,
Гулистонро ту ороӣ, гули садбарг,
Аҷаб хушбўю зебоӣ, гули садбарг,
Ба дилбар ҳуснафзоӣ, гули садбарг!

Бигў охир: чаро ин қадр дилбозӣ,
Ҳамеша гулрухонро маҳрами розӣ,
Ба рўю мўи онҳо даст андозӣ,
Туро кай шуд муяссар ин сарафрозӣ?
Ту рамзи ишқи дилҳоӣ, гули садбарг!

Даме байни ҷавонон ишқ шуд пайдо,
Нахустин рўз эҳсоси муҳаббатро
Ту пайвандӣ миёни дидаю дилҳо,
Аз ин рў шуд мақомат аз ҳама боло,
Ба хубӣ зеби дунёӣ, гули садбарг!
ТАСВИР

Чу байни мову ту шуд ишқ пайдо,
Ду дил бо ҳамдигар пайваст як ҷо.
Гумон дорам, ки акнун шуд муяссар
Тамоми орзуҳоям ба дунё.

Нигоро, орзуҳоям ба дунё,
Тамоми орзуҳоям ба дунё!

Чу меҳрат дар дилам маъво гирифтаст,
Чу тасвират ба чашмам ҷо гирифтаст,
Ба ҳар сў бингарам, рўи ту бинам,
Магар тасвири ту дунё гирифтаст?

Ба ҳар ҷо бингарам, акси ту бинам,
Нигоро, акси ту дунё гирифтаст!

Нигоро, ҷониби ман як назар кун,
Шарори синаамро бештар кун.
Агар ҳар ҷо ки бинӣ акси худро,
Биё, бо чашми ман дар он назар кун.

Ба ҳар ҷое, ки бинӣ акси худро,
Биё, бо чашми ман дар он назар кун.

пешина
аз 163
навбатӣ