ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
ВОХЎРӢ
(Ба тариқи ҳазл)
Лабро бикушодиву давидам,
Бо чашм нидои бахт дидам.
Аз шавқ чу мурғ пар кашидам,
З-он гул, ки ту гуфтӣ, даста чидам.
Гуфтӣ, ба таги чанор рафтам,
Осуда на, беқарор рафтам,
Чун соя ба ҳар канор рафтам,
Нодидаву интизор рафтам.
Аз пеши дарат гузар намудам,
Ҷои қадамат назар намудам,
Аз тақ-тақи дар ҳазар намудам,
Шабро ба дарат саҳар намудам.
Дидам сари қуллаҳои Варзоб,
Дар байни шафақ шинои маҳтоб,
Бо ранги парида чашм пурхоб,
Гўӣ ана шуд фурў ба гирдоб.
Шаб навбати худ ба рўз медод,
Шабнам ба канори сабза афтод,
Гулдастаи дастам аз дами бод
Дар баста ҳанўзу ғунча бикшод.
Сад гуна хаёли хом бар сар,
Чашмон пури хобу ҳол музтар,
Оҳиста қадам ниҳода шалпар,
Рафтам ба умеди шоми дигар.
Ё бахт, биё, бигир дастам,
Гўён зи ҳисори боғ ҷастам,
Гул чидаву боз даста бастам,
Баски ба умеди ваъда ҳастам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё