Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Соқию Маҳҷон бошанд, баробари гузаштани посе аз шаб дар ҷои муқарраршуда ба ҳам вохўрда, то дер рози дил гуфтанд ва аз андешаҳои олам фориғ буданд.
Ҳарчанд пешомадҳои ноҳинҷори ин рафтори худро донанд, парвое надоштанд, тамоми шаб дар ҳавои муҳаббат чун парастуи озод пар мезаданд. Маҳҷон аз парихонию аласти бисёре хаста шуда бошад ҳам, хушҳол буд. Абрувони сиёҳи думғозадораш то хамгашти каҷакҳои зулфаш мерасид. Чашмони сиёҳаш бо нигоҳе дил мерабуданд.
Шаби чаҳоруми мулоқот, ки ширмаҳтоб буду шаббодаи серун мевазид, ҳарду сўҳбатро ба сари мактаби нав оварданд, ки дар деҳаи ҳамсоя кушода шудааст. Таърифу тавсифи муаллимони нав, тартибу интизом, партаву тахта, ки ҷўраи Соқӣ Давлатёр навишта буд, ба Маҳҷон хеле хуш омад.
– Биё, ҳамроҳ меравему дар мактаби нав мехонем, – таклиф кард Маҳҷон.
Ҳарду нақшаи сафар ва бо кадом роҳ аз деҳа берун рафтанро кашиданд.
Шаб ба пеши назар пардаи симобиранге кашида буд.
Соқӣ дасти Маҳҷонро гирифта, аз сари чет ба даруни боғ баровардан хост. Баногоҳ дасти пурқуввате бо чизи сиёҳе сару рўи Соқиро маҳкам печонида, ба замин хобонд ва дасту пояшро баст.
Ду нафар «шоҳпариро» пуштора карда, ба меҳмонхонаи амаки Соқӣ, ки дар даромадгоҳи қишлоқ буд, партофтанд. Вақте ки чароғ даргирифт, Соқӣ дар байни одамон Собирро шинохт, ки теғ кашида ба рўи ў назар мекард.
Амаки Мирзо Соқиро дар ин шаклу шамоил дида, аз зўри ғазаб ларзид. Аз шарм замин накафид, ки дарояд.
Амаки Соқӣ қаҳру ғазаби худро базўр фурў бурда, ба ҳозирон зорӣ кард, ки ин сирро пўшида доранд, то зинда аст, хизматашонро мекунад.
– Майлаш, – гуфт маккорона Собир, – ба ҳурмати мўи сафеди шумо аз гуноҳаш мегузарем.

пешина
аз 163
навбатӣ