Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Омад, омад, худи худаш. Маҳҷон, Маҳҷон, – гўён сару рўи Собирро бўсидан гирифт.
– Соқӣ, ба ту чӣ шуд? Магар шамоли аҷина расид, – Собири аз олам бехабар чизеро нафаҳмида, Соқиро аз худаш дур кард. Соқӣ аз хурсандӣ чи кор карданашро надонист, ду кабки сайдкардаи Собирро ба ҳаво сар дод.
– Равед, ба назди маъшуқаҳоятон…
Соқӣ кабкҳои дигарро ҳам сар доданӣ буд, ки Собири ба ғазаб омада кабкҳоро аз дасти ў гирифту Соқиро тела дод.
– Девонагӣ ҳам ҷо дорад, Муллосоқӣ, – пичинг зад ў,
– медонӣ, ки то ба дастгир кардани онҳо ман чи қадар азоб кашидам.
Соқӣ чизе нагуфта, ба сўи кўтал менигарист, аз роҳ чашм намеканд.
Собир, ки аз қаҳр меларзид, дигар лом нагуфта кабкҳоро гирифту дар байни буттаҳо ғайб зад.
Соқӣ хуб нигоҳ карда, ба хулосае омад, ки ҳамон савора Маҳҷон асту аз хонаи холааш меояд. Аз шодӣ чи гуна ба деҳа расиданашро надониста монд.


Дар рўзи сеюми ба деҳа баргаштани Маҳҷон мардум ба миш – миш даромаданд.
– Чӣ мегўед, ки ҳамин шаб Маҳҷони Муллозикириё паривара шудаст.
– Худи шоҳи париён бурдааст.
– Маҳҷон масти беёд будааст, на дуою на бахшӣ таъсир накардааст.
– Шоҳи париён бо тилисми худ ҳама даворо радди бадал карда, Маҳҷонро дар пардаи ҷоду гирифтааст.
Ҳамин тавр, мардум як гапро ду гап мекарданд. Дар ҳар куҷои деҳа ба арвоҳи Сулаймони пайғамбар, ки гўё мутеъкунандаи деву париҳост, хайру худоӣ сар шуд.

пешина
аз 163
навбатӣ