ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Вале як шарт ҳаст, бояд аз деҳа баромада равад.
Ҳарчанд иҷрои ин қарор душвор буд, аз шармсор шудан беҳтар аст, гўён амаки Мирзо розӣ шуд.
Соқӣ дар ҳамин лаҳза бори дигар ба содагии худ тан дод.
Пагоҳии рўзи дигар, дар соате, ки чашми субҳ кафида, ситораи рўз аз қади ресмон баландтар аз теғаи кўҳ пайваста, ба сўи деҳа чашмакӣ мезад, Соқӣ бо деҳаи ҳанўз хоболуд хайрбодӣ карда, рў ба сўи деҳаи ҳамсоя, ба сўи мактаби нав ниҳод.
ЎМОЧИ ПЕШИ МАЗОР
Дар қишлоқҳои кўҳистон, ҳангоме ки майсаҳо обталаб шуданду борон наборид, мардуми деҳқон ба умеди борон маросиме мегузаронанд, ки онро ўмочи пеши мазор мегўянд. Ин маросим дар сари чашма ё дар лаби обе гузаронида мешавад. Зану марди қишлоқ гурўҳ-гурўҳ, ҳар ҷо-ҳар ҷо ҷамъ шуда дар дегҳои калон ўмочи башири сернахўд мепазанд. Барои пухтани ўмоч ҳезуми арчагӣ шарт аст. Хурду калон ўмочро хўрда, то ғуруби офтоб дар бораи абру борон сурудҳо мехонанд.
Чанд нафар ҷавонони порсо дар шаклҳои аҷибу ғариб бо кадуҳои пуроб ба болои дарахтон баромада оби кадуҳоро ба сари мардум мепошанд. Онҳо гўё «фариштаҳои раҳмат», борон ато мекунанд. Баъд аз ато шудани борони раҳмат, дигарон бо зарфҳои пури об ба ҳар тараф даву тоз карда, ба сару рўи ҳамдигар об мепошанд, якдигарро ба об мепартоянд. Агар мабодо дар ин лаҳза дар осмон абре пайдо шавад, ҳама бо сарҳои луч:
Борон бор, аз нав шор,
Ҳоҷати деҳқон барор. –
гўён ба зери абри пайдошуда метозанд.
Соқӣ, ки дар ин маросим яке аз иштирокчиёни фаъол буд, ҳангоми давутоз дар пастхамие ногоҳ ба Маҳҷон рў ба рў омад. Маҳҷон бошад, чолокона зарфи пур аз обро ба рўи Соқӣ пош дод. Соқӣ бо остини куртаи шиб
– шилтааш чашму рўяшро пок карда дид, ки дар рў ба рўяш Маҳҷон мисли гули шаробии навакак аз таги тарма баромада, бо лабони пур аз табассум, се-чор қадам дуртар рост истодааст. Куртаи ҳарири ў тар шуда дар баданаш часпида буд. Дар ин лаҳза ў парии обии навакак ба хушкӣ баромадаро ба хотир меовард.
Шоир гўё ин сатрҳоро дар васфи ў гуфтааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё