Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Зи пой то ба сараш ҳар куҷо, ки менигарӣ,
Карашма домани дил мекашад, ки ҷо ин ҷост.

Соқӣ, вақте ки Маҳҷонро бо ин ҳусну латофат дид, бо дасташ гаштаю баргашта чашмонашро пок мекард, бо як ақидаи кўдаконае аз дил мегузаронд, ки ин ҳамон фариштаи борон атокунанда аст, ки дар чашми ў дар шакли Маҳҷон ҷилвагар мешавад. Баъд аз фурсате магар Соқиҷон аз «фаришта» зўрӣ кард, ки бо як ҳаяҷони ҳайратомез дод зад:
– Маҳҷон, ин туӣ? – гуфту ба дарахти олуча такя кард. Маҳҷон лаби рўмолашро ба даҳонаш гирифту бо овози ларзон оҳистакак гуфт:
– Ҳа, ман. Ба шумо чӣ шуд? Магар тобатон нест?
Ин ду ҷавони содаи қишлоқӣ ҳанўз пай намебурданд, ки оташи ишқу муҳаббат монанди барқ ҷисму ҷонашонро рахна кардааст. Муддате ҳарду дар рў ба рўи якдигар хомўш меистоданд ва бо панҷаи пои худ ба замин хат мекашиданд. Ногаҳон пайдо шудани Бегимхола, ки аз рўи хабаркашию ғайбатчигиаш мардуми қишлоқ ўро «Алошақшаққа» меномиданд, онҳоро аз ким-чӣ хел олами орзуҳои ширини афсонавӣ ба олами пур аз кашмакашу ҳодисот баргардонид.
Маҳҷон, ки хело духтари зирак ва ҳушёр буд, дарҳол худашро ба даст гирифту бо овози баланд, то ки дар дили Бегимхола шубҳае намонад, ба Соқӣ муроҷиат карда гуфт:
– Соқиҷон, аз рўи шунидам ҳамроҳи амакат барои намак овардан мерафтаӣ, падарам бисёр хоҳиш карданд, ки моро фаромўш накарда, аз сарбориатон камтар барои мо ҳам биёред.
Бегимхола ба тарафи онҳо се-чор бор гаштаю баргашта нигоҳ карду дар байни дарахтон ғайб зада рафт.
Соқӣ сарашро бардошта мехост дар ҷавоби Маҳҷон чизе гўяд, аммо фарёди амакаш, ки Соқиро ҷеғ мезад, гапи ўро бурид. Соқӣ ночор бо дили кашол ба Маҳҷон хайрухуш карду давида рафт.

пешина
аз 163
навбатӣ