Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақто ки Соқӣ ба назди амакаш омад, дид, ки одами бисёре дар зери чанори сари чашма ҷамъ шуда, ба сару рўи каси дар замин дарозхобида об мерезанду касе дасту пояшро ҷунбонида набзашро бодиққат гўш мекунад. Ин бечораи сарсахт яке аз ҳамон «фариштаҳои борон атокунанда» буд, ки дар вақти обпошӣ аз сарнавдаи чанор ба замин афтода, дар ҳолати марг хобида буд.
Бори аввал Соқӣ ин «фаришта» – ро дар шакли аҷибу ғариб ва беёду мадҳуш медид. Баъзе ҷавонҳо кўшиш мекарданд, ки хандаашонро маҷбуран фурў баранд.
Ирўза маросими ўмочи пеши мазор ба як маросими мотам табдил ёфта буд.
Соқӣ табақу косаҳоро ҷамъ карда, дар зери шўълаҳои охирини офтоб ғарқи фикру хаёлҳои худ ба хонаашон баргашт.
«ДУЗД» ВА «ОШИҚ»

Соқӣ ва амакаш Мирзо, пас аз гузаронидани маросими ўмочи пеши мазор, харро пешандоз карда, барои овардани намак ба сафар баромаданд. Аз пулҳои ларзонаку оврингҳои каҷу килеб гузашта, баъд аз ду рўз дохили қишлоқи Юси Яхак гардиданд. Тўшаи роҳашон тамом шуда буд. Ташвиши минбаъда, тўшаи роҳ Мирзоро азоб медод. Ногоҳ дар сари роҳашон осиёбе намудор шуд. Пайдо шудани осиёб хавотирии Мирзоро бартараф намуд. Мирзо зуд ба тарафи осиёб равона шуд. Бозёфташ аз осиёббон се – чор кило орди ҷав шуд. Онҳо боз роҳашонро давом доданд. Мирзо гаштаю баргашта ба Соқӣ нигоҳ карда мегуфт:
– Мулло Соқӣ, хайрият, ки тўшаи роҳам ёфт шуд.
Донишмандон хуб гуфтаанд: «Пул бошад, дар ҷангал ҳам шўрбо ёфта мешавад». Ману ту беҳуда ғам хўрда гаштаем. Ана акнун он тарафаш ба ихтиёри ту. Дар аввалин қишлоқ, ки аз пеш мебарояд, ин ордро бурда, ба ягон каси худоҷўй диҳӣ, барои савоб хамир карда се
– чорта нон пухта медиҳад. Дуои ҷонашро карда, баҳузур хўрда рафтан мегирем. Ҳамин тавр не – мӣ, мулло Соқӣ?
Соқӣ, ки аз риёзати роҳҳои каҷу килеб хеле монда шуда буд, базўр дар ҷавоби амакаш «ҳа» гуфта монд.
Баъд аз тай намудани ду-се фарсах роҳ дар баландии чаптар аз роҳи гузар деҳае намудор гашт, ки хонаҳояш аз дур ба монанди лонаи фароштурук метобид.
Мирзо ба Соқӣ гуфт:
– Канӣ, Соқиҷон, ордро гиру кабк барин парида ба деҳа рав. Дар хонаи ягон бандаи нек нон пухта биё, то омаданат ман дар ҳамин ҷо харро чаронда меистам.
Соқии бечора, ки илоҷи дигаре надошт, чизе нагуфта халтачаи ордро сари китф карду раҳи қишлоқро пеш гирифт.
Пас аз дар ба дар гардию илтиҷову зории бисёре Соқии қариб ноумедшуда дар охири қишлоқ дари хонаеро кўфт.

пешина
аз 163
навбатӣ