Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз даруни ҳавлӣ зани қоматбаланди худро орову торо додае баромад. Дид, ки бачаи халтабадўше дар паси дар рост истодааст. Занак Соқиро гадобача пиндошт.
– Ҳа, писар, дар хона нон нест, хамирам акнун расидааст, камтар исто, нон ки пухт, савоби сарам, ризқу рўзиатро медиҳам.
Соқӣ дар ҷавоб:
– Раҳмат, апа, ман аз шумо чизи дигар мепурсам.
Ана дар ҳамин халтача камтар орди ҷав дорам, агар се– чор нон пухта медодед, савоб мегирифтед. Амакам дар хаққатон дуои хайр мекард.
Занак қоҳ-қоҳ зада хандиду баъд аз пурсупоси бисёр Соқиро ба ҳавлӣ даъват кард ва гуфт:
– Канӣ сўлама (муҷаррад), ин чўбҳоро шикаста ба танўр алов мон, ҳам нонҳои худам, ҳам нонҳои туро пухта медиҳам, хуб?
– Соқӣ чолокона чўбҳоро шикаста ба танўр ҷо кард ва алов гиронд. Зан аввал фатирҳои равғанини худро пухта гирифту баъд орди Соқиро хамир карда, ба танўр часпонда, ба Соқӣ гуфт:
– Ту камтар нигоҳ карда ист, ман ҳозир гашта меоям.
Вақто ки занак аз дари ҳавлӣ берун шуд, Соқӣ гаштаву баргашта фатирҳои равғанинро нигоҳ кард, оби даҳонаш рехт. Дигар тобу тоқаташ намонд.
Кулчаҳои равғанинро дар миёнбандаш печонду аз дари хона баромаданӣ шуд. Ногаҳон дид, ки аз берун занак ду барраро дар ду таги бағалаш бардошта омада истодааст. Соқӣ дар паси молхона руст шуд. Занак дохили дарвоза шуда, барраҳоро сар доду дарвозаро аз нав занҷир карда, ба сўи танўр рафт.
Минбаъда воқеаҳоро Соқӣ аз мўричаи молхона, ки аз он токи айвонро ба хубӣ дидан мумкин буд, бо тарсу ларз мушоҳида мекард.

пешина
аз 163
навбатӣ