ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Занак чун дид, ки на дараки писар ҳасту на дараки фатирҳои равғанин, ғазаболуд, чор тарафро кофтуков кард, аммо на пайро дид ва на Ҳайдарро. Баъд аз он, эҳтимол аз қаъру ғазаб бошад, ки қоҳ-қоҳзанон дастонашро ба якдигар зада, нонҳои ҷавинро аз танўр канда ба ҳар тарафи айвон мепартофт. Соқӣ дар даруни ҳел ҳамроҳи се-чор гўсфанд тагу боло мерафт ва роҳи наҷот ҷустуҷў мекард, вале барои наҷоташ имконият набуд. Ғайр аз мўричаи пеши айвон дар қафои ҳел як мўрии дигар низ воқеъ буд, вале аз он одам баромада наметавонист.
Соқӣ ба тақдираш тан дода, аз мўрии рў ба рўи айвон ҳаракатҳои занакро мушоҳида мекард. Аз афти кор, занак машғули оши палав пухтан шуд, сабзию пиёзро реза карда дегро ба рўи ошдони шафати танўр гузошта, ба доғ кардани равғани зағир сар кард. Бўи равған ба димоғи Соқӣ ҳам мерасид. Ногоҳ дарвозаи ҳавлӣ тақ-тақ шуд, баъд аз фурсате ҳамроҳи занак ҷавони тануманди чорпаҳлўе дар таги айвон пайдо шуд. Аз баъзе рафтору кирдорашон маълум мешуд, ки онҳо зану шавҳар нестанд. Дар сари деги ош гоҳ – гоҳ якдигарро оғўш мекарданд, гоҳ якдигарро мебўсиданд.
Занак аз чор тарафи айвон нонҳои ҷавинро гирифта, ба мардак нишон медод. Гоҳ гўштҳои зирбакро ба якдигар мехўрониданд. Хуллас, ки машғули кайфу сафо буданд. Танҳо Соқии сарсахт дар ғами ҷон буд ва гўсфандони бўи нон гирифта аз қафои ў сарсон. Дере нагузашта, боз дарвозаи ҳавлӣ тақ – тақ шуд, Соқӣ дид, ки зану марди дар таги айвон буда бесаранҷом шуданд.
Баъд аз дақиқае дари ҳел кушода шуду ҳамон марди ҳамроҳи занак дар айвон буда оҳиста дохили ҳел шуд.
Қариб буд, ки Соқӣ аз тарс заҳракаф шавад. Илоҷе карда худашро дар гўшаи ҳел, дар қафои гўсфандон гирифт ва мунтазири сарнавишти худ шуд. Аз байн тахминан ним соат гузашта буд, ки аз мўрии қафои девори ҳел оҳистекак овозе омаду чизе дароз шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё