ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Мард, ки аз мўричаи рў ба рўи айвон нигоҳ карда меистод, зуд ба таги мўрии қафои ҳел омаду чизи дарозшударо гирифта ду-се қадам аз гўсфандон дуртар чорзону нишаста хўрдан гирифт. Вақто ки бўи палов ба димоғи Соқӣ расид, тоқаташ тоқ шуд. Чунон ки гуфтаанд: гурусна ба шер мезанад. Соқӣ тамоми тарсу ҳаросро фаромўш кард: гардани гўсфандро дошта ба мард наздик бурду аз зери манаҳи гўсфанд дасташро дароз карда, ду-се луқма ош гирифт. Мард ҳар бор «арзана гунҷишк хўраду калтака бедона» гуфтагӣ барин гўсфанди бечораро мушткўб мекард. Нафси сабил зўрӣ карду бо се-чор луқма қаноат накарда, Соқӣ хост, ки луқмаи дигаре гирад, аммо ногоҳ дасташ ба дасти мард бархўрд. Мард дасти Соқиро маҳкам дошт.
Ҳарду баробар дод мегуфтанд, гўсфандҳо ҳаросида ба ҳар тараф мерафтанд. Дар ҳелчаи хурд як шўру ғавғое бархост. Дар як дам ҳақу ҳамсояҳо гирди ҳелро печонда, бо машъалу чароғ дохили ҳел гардида, ҳардуяшонро даст ба пушт баста, кашон-кашон ба назди вакили қишлоқ бурданд…
Соқӣ ва амаки сарсахти ўро боз сарсонӣ ва оворагардиҳои бисёре пеш омад…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё