ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
СИЯҲСУВОР
Дар бозгашт аз кони намаки Роғун ба деҳаи Юс расидему шаб шуд. Амакам гуфт, ки дар ин ҷо як ошнои дерина дорам. Баъд ба суроғи ў чанд дарро кўфт. Гуфтаанд, ки раҳматӣ одами хуб буду кайҳо аз олам даргузаштааст. Амакам «мардуми ин деҳа шўх, ҳазлҳои бемаврид доранд» гуфта, боз дарвозаи дигарро тақ-тақ кард. Як марди хамидақомат баромад. Амакам боз ошнояшро пурсид.
– Аз олам даргузашт, – ҷавоб дод соҳиби хона.
– Бародар, мо мусофирем, раҳгузар, – гуфт амакам, – чӣ мешавад, ки ҳамин шабро дар ягон ҷо рўз кунем?
Мард каме канор истода роҳ кушод ва ба ишораи даст роҳравро нишон дод:
– Марҳамат!
Амакам ба ман нигарист. Ман харро халачўб задам.
Соҳиби хона як оғили танг доштааст. Амакам хўрҷини намакро аз болои хар гирифта, ба замин гузошт ва ба хона барои маслиҳат рафтани он мардро дида, оҳиста ба ман гуфт: «Меҳмон атои Худо, хараш балои худо». Маънии гапи ўро нафаҳмида, хандида мондам.
Мард моро ба хона даъват кард. Амакам либосҳояшро даст зада афшонд, ман ҳам ончунон кардам, ки аз чангу гарди роҳ пок шавем. Ба хона даромадем. Писараке қариб ҳамсоли ман чилобчӣ (дастшў), обдаста ва сачоқ овард. Ман ба ў нигаристам.
– Писарча? – пурсид амакам.
– Не, набера.
Ман ба сўи ў нигариста, худро ошнои дерина вонамуд кардам, вале қиёфаи ў ҷиддӣ буд. Баъд ман ҳам қиёфаамро дигар карда нишастам.
– Дастархон биёр, – баъд аз дастҳоро шустан ба писарак фармуд соҳиби хона ва бар зонуҳояш вазн андохта нишаст.
Дар паси сари амакам дар девор як корди калон сари мех буд ва дар паҳлўяш соате аз занҷира овезон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё