Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дастаи корд аз шўълаи хираи чароғи тоқча ҷило медод. Ман хаму рост мешудам, сарамро чапу рост мебурдам, ки ҷилои дастаи корд гум мешавад ё не. Дастаи корд нури чароғро акс гардонда, хонаро равшантар мекард. Ман ба амакам зеҳн монда ба тарафи корд ишора кардам, ки ў ҳам бинад. Дилам ваҳм кард. Амакам чашми соҳибхонаро хато карда, номаълум ба девор чашм дўхт.
Баъд якпаҳлу нишаста, бо диққат нигарист. Сонӣ, ба соҳиби хона зеҳн монд.
Писарак дастархон овард. Худаш ҳам нишаст. Ман ба ў наздик шуда, ба корд ишора карда, пурсидам:
– Вай чияй?
Писарак дар ҷавоб чизе нагуфту ба бобояш нигарист. Соҳиби хона чой рехта, ба амакам дароз кард. Ҳушу ёди амакам тарафи корд. Мард таваҷҷўҳи амакамро пай бурда, пурсид:
– Меҳмон, кордро тамошо кардан мехоҳед?
– Ман не-ку, ҳамин бача, завқ карда истодааст, – ба ман ишора кард ў.
Соҳиби хона бархоста кордро гирифт ва ба дасти амакам дод. Ман ба амакам наздиктар нишастам.
Дастаи корд тиллоӣ буд. Амакам онро аз ғилоф кашида «Шамшери хуб будаст» гуфт. Мард сар ҷунбонд. (Ман аввалин бор фаҳмидам, ки номи ин корди дароз «шамшер» будааст). Амакам сар хам карда хатҳои арабии ба дастаи шамшер сабт шударо ҳиҷҷа мекард, вале саводи казоие надошт, ки онро бихонад.
– Шамшери бародарам, – хонда натавонистани амакамро пай бурда гуфт соҳиби хона ва ба наберааш рў овард, – бачам, ту ба пеши очат баро.
Писарак рафт. Соҳиби хона лаб ба достон кушод:
– Бача, дилаш ганда нашавад, мегўям… Хонда натавонистед? Шамшери бародарам. Аз шўрои ҳарбии инқилобии Туркистон тақдим шудааст. Шумо бояд бародарамро шиносед. Ревком буд. Ҳама ўро Ревком мегуфтанд. Ҳама ўро мешинохтанд. Буду шуд як духтар дошт.

пешина
аз 163
навбатӣ