Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сари ҳар сухан афсўс мехўрд, ки ҳамин қадар мубориза мебарем, ҳаётро нав мекунем, вале ман писар надорам, ки корҳои маро давом диҳад. Духтараш Сайрам ин гапҳои падарашро шунида, хориаш меомад.
Баъд омада худро ба гардани падараш меовехту ўро мебўсид, вале чизе намегуфт. Рўзи дигар медидем, ки бо писарбачаҳо гўштингириву аспсавориву аз химчаҳо шамшер сохта, шамшербозӣ мекунад.
– Ҳо, Сайрам, ту бо бачаҳо бозӣ накун, мардум механданд, – мегуфт модараш. Вале Сайрамро боздошта намешуд. Вай духтари оддии деҳотии мо не, балки духтари афсонавӣ менамуд. Вай мехост, ба падараш нишон диҳад, ки духтарон ҳам хизмати падарро адо карда метавонанд.
Бародарам тухми босмачиҳоро кандан мехост.
Босмачиҳо ҳам ўро душмани ашаддии худ дониста, аз паяш шуданд. Қўрбошиҳо Ҳоҷӣ Тоҳир ва Ҷалол мисли гургони бачахўр ҳар шаб фиғони як деҳаро мебароварданд. Қўрбошиҳо ҳар хел ҳилаву найранг мекарданд, ки Ревкомро ба дом афтонанд.
Шабе дар деҳаи Яхак кундаалов афрўхтанд. Оташ аланга дошт, ба назар алангаи ў осмони сиёҳпардаро шикофта ҳама ҷоро равшан кардан мехост. Бар болои оташ сар – сар кунҷора мегузоштанд. Аланга баландтар мешуд, вале як доираи тангро равшан мекард. Қадаме аз давра берун кас касро намешинохт. Базме доштанд, вале касе намефаҳмид, ки базм аз ваҷҳи чист. Ревком ҳам ба тамошо рафта буд.
Ба ногоҳ шўре бархост, фиғони мардум баромад.
Фурсати мулоҳиза нашуда Реквомро – бародарамро даст гирифтанд. Ўро назаданд, гўшу биниашро набуриданд, забонашро берун накашиданд, балки дар кундаалов андохтанд. Ҳалқ пароканда шуд, вале то сўхта хокистар шудани Ревком Ҳоҷӣ Тоҳиру Ҷалол қурбошӣ бо йигитҳояшон тамошо карданд, баъд ғайб заданд. Ҳамон шаб Сайрам бе ному нишон ғайб зад.
Ана, ин шамшер ҳам аз хонаамон гум шуд. Рўзи дигар ман ба ҷои кундаалов рафта, як мушт хокистари бародарамро дар халтае гирифтам, то ба ёдгорӣ монад.

пешина
аз 163
навбатӣ