Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба хокистар менигаристаму зор – зор мегиристам. Дар фироқи бародарам ва дар суроғи бародарзодаам қаландар шудам. Аммо аз ҷое ва аз касе садое ба гўш намерасид.
Дар байни ин ҳангомаву ҳодисаҳои пурошўб боз дар кўҳистон овозаи Сияҳсувор баромад. Овозааш мисли овозаи Рустам буд. Ин овоза саросари Бойсуну Қаротегинро фаро гирифт. Мегуфтанд, ки Сияҳсувор мушкилкушои аскарони сурх ва Азроили босмачиёст.
Аз дувоздаҳ нафар иборат. Ҳама сияҳпўшанд ва аспонашон ҳам сиёҳ. Сияҳсувор аз пайи дастаҳои Ҳоҷӣ Тоҳир ва Ҷалол қўрбошӣ мегаштааст.
Боре дар молаи Ҳазор байни аскарони сурх ва дастаи эшони Султон задухўрди шадиде мешавад. Сияҳсувор, гўё ки мўяшро дуд карда бошанд, мисли девҳои афсонавӣ ба ёрии аскарони сурх пайдо мешавад.
Босмачиёро қир мекунанд, боз чунон ғайб мезанад, ки касе куҷо рафтанашро намедонад. Агар ин матал бошад, «исми аъзам»-ро хонду нопадид гашт, мегўянд.
Аҷибаш дар он аст, ки ин кори ўро тамоми мардум дидаанд.
Меҳмони ҷон, ки бошед, як шаб дар хона мисли латта ғаму нам кашида шишта будам, ки садои суми асп баромад. Дар баданам гармӣ намонд. Тарсидам, ки Ҳоҷӣ Тоҳир барои дастгир кардани ман омад. Ду савора назди дари ҳавлӣ истод. Яке даромад. Ман аз даричаи пушти хона берун баромадам. Он ки ба ҳавлӣ даромада буд, дари хонаро кўфт. Садои «амак, амак!»
гуфтанашро шунидам. Овозаш шинос буд. Барои аз дарича даромадан шарм кардам. Атрофи хонаро давр гашта, аз буни девор нигоҳ кардам, ки як ҷавонписари ҷомапўш дарро мекўбад. Худро ақиб кашидам.
– Ҷанг – ана уҷада, – савораи дигар, ки аспҳоро назди дарвоза медошт, ба ҳамроҳаш гуфт ва бо дасташ ҷои ман истодаро нишон дод. Худро ақиб кашидам.
Ҷавон сўи ман омад.

пешина
аз 163
навбатӣ