ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
«Амак!» – боз ҷеғ зад ў. Акнун шинохтамаш. Ў Сайрам буд. Ба пешвозаш баромадам.
– Маро нашинохтед, ман Сайрам, амак? – ба ҷои салому алек ва пурсопурс гуфт ў, то зудтар шиносамаш ва донам, ки ў барҳаёт аст. – Маро мебахшед, ҳамин тавр шуд. Сонитар ҳамаашро мефаҳмед. Ҳоло шитоб дорем, ба очам салом гўед. Ман боз хабар мегирам, – гуфту баромада рафт. Ман чи гуфтанамро надониста шах шуда мондам. Омаданашро дидаму рафтанашро не. Вақто ки ба худ омадам, ҳам ашк мерехтам ва ҳам худ ба худ механдидам. Аммо ба хулосае омада наметавонистам. Хоб буд ё хаёл ин.
Баъд аз чанд рўз боз шабона омад. Панҷ нафар буданд. Маро диду баргашт. Ҳатто ба оташгирӣ ҳам ин хел тез намеоянд. Чунон меомаду мерафт, ки ҳеҷ чиз пурсида наметавонистам. Модарам дар деҳаи дигар зиндагӣ мекард, омаду рафти ўро намедонист.
Баъди ду рўз хабар омад, ки Сияҳсувор дар деҳаи Сайроби Бойсун ба мадади аскарони сурх расидааст.
Воқеа ин хел будааст: пас аз фориғи ҷангҳои шадид аскарони сурх каме осудагӣ хоста, дар Сайроб дам мегиранд. Босмачиён фурсатро ғанимат шумурда, аспҳои онҳоро медузданд, то рўзи дигар дар ҷанг пиёда шаванд. Ҳамин вақт Сияҳсувор шабохун мезанад, дастаи босмачиёнро торумор мекунад, аспҳоро ба соҳибонашон – аскарони сурх бармегардонад. Ба ивази ин корномааш аз командири аскарони сурх, ки Ёқубтурааш мегуфтанд, соат мукофот мегирад.
Овозаи Сияҳяувор даҳчанд гашт. Ба дили Ҳоҷӣ Тоҳир ваҳм афтод. Аз пайи Сияҳсувор шуд. Вале дараки ўро намеёфт. Гўё ў ҳам сайд буд ва ҳам сайёдӣ мекард.
Ҳоҷӣ Тоҳиру Ҷалол мисли шерони захмине, ки бачаҳояшонро талаф дода бошанд, чи кор карданашонро намедонистанд. Ҷо-ҷо ва гоҳо ба калтакдорони сурх забардастӣ мекарданд. Ҳамин тавр шуд, ки онҳо аскарони моро аз Файзобод таҳдид карда, то Ҷалҷид оварданд. Сурхҳо, ки ба нохост дучори чунин ҳамла гашта буданд, ба ҷуз гурез ва ё сар ба паноҳ бурдан илоҷи дигаре надоштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё