ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Командирҳо ва аскарон дар хонаҳои мардуми Ҷалҷид пинҳон шуданд. Ҳоҷӣ Тоҳир қишлоқи Ҷалҷидро муҳосира кард ва ба йигитҳояш фармуд, ки ҳамаи хонаҳоро оташ зананд. Йигитҳо ба иҷрои фармон омода гаштанд. Аммо ногаҳон шўре ба миён омад, ки саг соҳибашро намешинохт. Мисли балои осмонӣ Сияҳсувор пайдо шуд. Фиғони босмачиҳо баромад. Аз гирду пеш, аз байни фиғону шиҳаи аспон ва садои суму шамшерзанӣ овози «Сияҳсувор, Сияҳсувор» шунида мешуд.
Сияҳсувор Ҳоҷӣ Тоҳир ва чанд нафар йигиташро даст гирифт. Гурги бачахўр ба даст афтод. Нисфи йигитҳояш гурехт.
Ҳоҷӣ Тоҳир ва йигитҳои асири ўро Сияҳсувор дар байни мардум ба қатл расонда, аз пайи фирориён шуд.
Фирориён ҷониби Файзобод мегурехтанд. Сияҳсувор дунболагирӣ мекард. Баногоҳ босмачиҳо дар ду канори роҳи паси теппаҳо камин гирифтанд, чунки дар иҳота монданд, аз пеш лашкаре меомад. Ин дастаи аскарони Шариф командир буд, ки Ҷалол қўрбоширо то аз дарёи Панҷ гузаштан пеш карда, дастгир накарда бармегашт.
Босмачиён дар байни обу оташ монданд. Аз як тараф дастаи Шариф командир ва аз тарафи дигар дастаи Сияҳсувор онҳоро сар бардоштан намемонд. Ҷанги сахте даргузашт ва ҳангоми фурў нишастани он Сияҳсувор ногаҳон тир хўрд. Вай аз асп ба замин афтод, шарикони ғолиби ў, ки дигар ғайб намезаданд, Сияҳсуворро бардошта назди духтур бурданд. Ў ниқобпўш буд ва сару либоси сиёҳе дошт. Духтур ниқоби рўи ўро гирифту маҳви ҳайрат шуд. Чашмони сиёҳу зебои ў, мижгонҳои дароз, рухсораи лоларанг, лабони нафиси Сияҳсувор ҷозибае доштанд. Ду миллаи сиёҳи ў, ки даруни телпак пинҳон буданд, ба китфи ў парешон шуд. Духтур ҳайрон – ҳайрон ба Шариф командир нигарист. Шариф командир ба ў нигоҳ кард ва дилаш «шуввӣ» таҳ нишаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё