ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
– Сайрам чӣ шуд? Шамшер чӣ хел боз ба дасти шумо афтид?.. – соддагӣ карда пурсид амакам. Дар лабони соҳиби хона табассум дамид ва боз қиёфааш ҷиддӣ гашта, лаб ба достон кушод:
– «Сияҳсувор» худи Сайрам будааст. Пас аз ҷароҳаташ сиҳат шудан, Сайрамро раиси шўрои занон интихоб карданд. Шариф командир ўро ба занӣ гирифт. Замонҳо дигар шуданд. Колхоз ташкил кардем.
Шариф командир раис шуд. Раиси аввалини колхози худамон. Аввалин талху ширини ҳаёти колхозро дар тарафҳои мо ў чашидааст. Заминдорон барои ҳамвор ва якҷоя кардани заминҳо хунхўрӣ мекарданд. Ба сари Шариф командиру Сайрам чӣ азобу кулфате наомад.
Колхоз мехостанд, вале колхозсозӣ илме буд, ки онро ба осонӣ кас сарфаҳм намерафт. Шариф командир котиб ҳам дошт. Ў одами ғалатӣ буд. Барои каму беш аз хатти арабӣ хабар доштанаш ўро котиб таъин карда буданд. Аз моли дунё ў фақат як давот дошту як найқалам. Ҳар ҷо ки рост омад, зуд чорзону мезаду қаламро ба давот тар карда менавишт. Ҳар чизе ки ба фаҳму дониши вай рост ояд, он тарафаш кори қалам.
Ўро Мулло Садриддини Таваккалӣ мегуфтанд. Баъди котиб интихоб шудану дар қарори махсуснависӣ шуҳрати хоса пайдо карданаш ба номи ў лақаби Таваккалиро зам карда буданд.
Мулло Садриддин одами ниҳоят ҳамабовар ва соддафеъл буд. Неку бадро чандон фарқ намекард.
Агар аз ягон ҷо ягон гапро шунаваду ба вай маъқул афтад, ба идораи колхоз расида, доир ба ҳамон масъала таъҷилӣ қарор менавишт.
Рўзе Шариф командир ба идора даромада ҳанўз нафаси худро рост накарда буд, ки Мулло Садриддин қарори навбатиашро барои имзо ва мўҳр назди ў гузошт. Дар ин қарор, ки «Қарори матоъ» ном дошт, навишта буд, ки бояд ба таври таъхирнопазир барои колхоз шашсад метри яклухт матоъ харида шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё