ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Шариф командир қарорро хонда, зери лаб хуб хандид ва чизеро нафаҳмидагӣ барин шўхиомез пурсид:
– Шашсад метр матоъро чӣ кор мекунед, мулло Садриддин?
– Кўрпа медўзем, кўрпа, командир. Дар давраи колхозӣ ҳама бояд зери як кўрпа хоб раванд. – ҷавоб дод ў.
– Намуред ба ҳамин қарори навиштаатон, – гуфт раис.
– Ҳа, ё гапам нодуруст?
Мулло Садриддин, ба гумони он ки қарораш ба раис маъқул шуд, аз кисаи камзўлаш қарори дигарро баровард, ки дар он «Тамоми оҳанҳои ҷуфтӣ ҷамъ оварда шавад» гуфта шуда буд.
– Оҳанҳоро чӣ кор мекунед, мулло Садриддин? – боз суол кард раис.
– Об карда деги калон мерезем.
– Деги калон ба чӣ лозим?
– Дар даврони колхозӣ ҳама бояд аз як дег таом хўранд…
Раис қарорҳои навиштаи мулло Садриддинро хонда завқ мекард.
Мулло Садриддин ҳам илҳом гирифта, фаши саллаашро дар паси сар кашол мекард. Найқаламро бар чанбари саллааш халонда мегашт. Ба замми ин ҳама Мулло Садриддин каме носолим ҳам буд, дар сўҳбати муллою эшонҳои қишлоқ иштирок ҳам мекард.
Ва онҳо, албатта, аз иштирок доштани котиби раис дар сўҳбаташон фоида бурда, каллаи ўро гаранг мекарданд.
Масалан, ба ў мефаҳмониданд, ки «раис бояд масҷиду мазорро обод кунад, ба мардум бинои мусулмонӣ ва усули дин омўзад. Вале раиси мо – Шариф командир замини одамонро яквота карда, онҳоро ба ҳам ҷанг меандозад».
Мулло Садриддин ҳамаи ин гапҳоро ба қарор дарҷ мекард ва хатои Шариф командирро ислоҳ карданӣ мешуд. Аммо Шариф командир гапҳои ўро ҷиддӣ қабул намекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё