ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
Вай рўз ба рўз мефаҳмид, ки ин гапҳо аз ҷои дигар сар мезананд. Бинобар ин ҳушёртар мешуд ва бо дўстони ҷангиаш маслиҳат мекард.
Солҳо мегузаштанд. Гўё биму ҳарос камтар мешуд.
Дар ин байн Шариф командиру Сайрам соҳиби як духтару ду писар шуданд. Колхоз ҳам реша мегирифт.
Шариф командир ва Сайрам аз рўи одати шарқӣ ба тўйи фарзандони худ тайёрӣ медиданд. Гўё ҳама чиз тайёр шуда буд, танҳо маъракаро гузаронидан лозим.
Шариф командир ёру ҷўраҳояшро ба маслиҳатошӣ хабар кард. Дар авҷи маслиҳат дарвоза тақ – тақ шуд.
Ба Шариф командир хабар доданд, ки ҳозир бояд ба район равад. Чӣ гап? Намедонад. Ҳама ҳайрон монданд.
Шариф командир ба роҳ баромад. Хеле парешонхотир буд. Сайрам авзоъи шавҳарашро дида пурсид:
– Бегоҳ меоӣ ё не?
– Намедонам.
Ҳангоми аз дар баромадани Шариф командир пиразане ба дари ҳавлӣ омада, гардан каҷ кард, ки мусофири раҳгузар аст, якшаба ҷои хобаш диҳанд.
– Ту кистӣ, занак?
Пиразан ба ҷои ҷавоб ба лунҷаш даст бурд. Яъне дандонам дард мекунад, гуфтанӣ шуд.
– Хайр даро. Сайрам, ана ҳамроҳ ҳам ёфт шуд, – гуфт Шариф командир ва аспро тозиёна зад.
Шариф командир рафту торафт дили Сайрам сиёҳ шудан гирифт. Барои чӣ? Намедонист.
Сайрам пиразанро ба хона даъват карда, ба зери пояш кўрпаҳои барои тўйи писаронаш тайёркардаро андохт, ба нишастан даъват кард ва гуфт, ки худро бегона ҳис накунад. Дастархон ҳам паҳн карду гирдакчаву чаппотӣ ва кулчаву мавиз гузошт.
– Оча, марҳамат кунед, ин чизҳои тўйи писаронам, ман ҳозир барои шумо тарҳавло мепазам, – гуфту ба тарафи ошхона рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё