Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ошхона дар рўӣ ҳавлӣ буд ва аз он ҷо меҳмонхона ба хубӣ менамуд. Сайрам орди барои тарҳавло ҷудо кардаашро бирён карда истода, ба тиреза нигарист ва дар ҷояш шах шуда монд. Ў дид, ки пиразан қарси сафеди ба даҳону биниаш печидаро каме паст фуровард. Ду мўйлаби шофмонанди «кампир»
изтироби Сайрамро зиёд кард. Баданаш якбора оташ гирифт ва фурсате пас пешонияш ях барин сард гашт.
Тамоми ҳаёти гузаштааш як нафас пеши чашмонаш ҷилвагар шуд. Тассавур кард, ки ҳанўз ў дар майдони мубориза аст. Худро гум накард. Нигоҳашро аз «пиразан» наканд. «Пиразан» бари ҷомаи ҷандаашро яктарафа карда, ханҷарро ва аз бағал таппончаро гирифта, зери болишт гузошт ва болои кўрпаҳои оҳарӣ дароз кашид. Интизори тарҳавло ҳам нашуда хобаш бурд. Кўфти роҳ ва оворагардиҳо ўро сахт хаста карда буданд.
Сайрам нўг-нўги по ба хона даромада, нафаскашии пиразанро шунавид ва оҳиста даст зери болишт бурда, ханҷару таппончаро гирифт. Баъд писари чорсола ва дусолаашро болои бом баровард «додаратро дор, аз бом наафтад, ман хоҳарчаатро аз гавҳора кушода меорам» гуфт ба писараш Сайрам. Вақте ки аз норбон фуромада ба дари хона наздик шуд, хамёза кашида, хестани «пиразан» – ро дид. Зуд баргашта болои бом баромад ва норбонро кашида гирифт. «Пиразан» хеле парешон аз дар ба шаст баромада, ба атрофи ҳавлӣ давутоз кард, коҳдону ошхонаро хабар гирифт. Дар ин вақт ў пиразани хамидақомат не, балки марди хунхори ниқорталабе буд.
– Ҳа гурги бачахўр, ба даст афтодӣ? – аз болои бом садо дод Сайрам.
– Ба хубӣ ханҷару таппончаро парто, – роҳи фиребро пеш гирифта гуфт «пиразан»-и бурутдор.
– Акнун ханҷару таппонча не, марг мегирӣ, маккор!
– Аз дасти ту лаънатӣ якумр овора шудам, боз чӣ мехоҳӣ?

пешина
аз 163
навбатӣ