Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– То мисли падарам туро дар оташ насўзонам, Сияҳсувор набошам. Қавли ман ҳамин буд. Акнун ба пои худат омадӣ, сайди аҷалрасида.
– Не, ту маро сўзонда наметавонӣ, лекин ман туро монанди падарат ба коми оташ мепартоям. Имрўз фурсати интиқом аст.
Ҳамин вақт аз хона садои гиряи духтарчаи Сайрам баромад. «Пиразан» – и бурутдор ба сўи овоз ишора карда, хандид. Дасту пои Сайрам ларзида, саросема шуд. Раҳми модарӣ боло гирифт, қариб буд, ки худро аз бом партояд.
Пиразани бурутдор ба хона даромада гаҳвораро гирифта баромад ва баробари қадаш баланд бардошт.
– Не, ҷаллодию бераҳмӣ накун! – ба лаби бом омада фарёд зад Сайрам.
– Набошад яроқатро парто!
Сайрам ба худ омад.
«Пиразан» гавҳораро ба тори сар бардошт.
– Не, напарто!!! – фарёд зад Сайрам ва саҳл монд, ки зери бом шавад.
– Акнун нигоҳ кун, интиқом ин хел…
– Не!!! Напарто! Ма!
«Пиразан» – и бурутдор гаҳвораро паст фуроварда, аз зери он ба Сайрам нигарист. Тифлони Сайрам аз бари домани модар дошта, ўро ба ақиб мекашанд, вале ў ҳис намекунад. Чашму дилаш андаруни гаҳвора.
– Парто! – чашмонашро танг карда ва рамуз гирифта гуфт «пиразан».
– Ма! – ханҷарро ба миёнаи ҳавлӣ ҳаво дод Сайрам.
– Не – е, таппончаро парто.
– Гаҳвораро ба замин мон…
– Аввал парто.
– Не, гаҳвораро ба замин мон.
Пиразан гаҳвораро ба замин гузошта, аз пайи ханҷар рафт.
Сайрам мили таппончаро ба сўӣ ў рост карда, фарёд зад:

пешина
аз 163
навбатӣ