ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа
– Ҷаллод, акнун аз сад ҷон як ҷонат ҳам амон намеёбад: даст бардору таслим шав! Вагарна туро ба ҷаҳаннам мефиристам.
Сайрам як қадам ба сўи «пиразан» пеш гузошт.
Ҷалол қўрбошӣ хандид ва ханҷарро баланд бардошта, ба гаҳвора наздик шуд.
– Дасти хунолудатро нарасон! Мепарронам! – фарёд зад Сайрам.
Ҷалол қўрбошӣ баландтар хандид:
– Хун ба хун. Ман аз дасти тую шавҳарат овораи ҳафт ҷаҳон шудам, акнун хуни ҳамаатонро мерезам.
– Аблаҳ, даст бардор, – баланд шуд садои Сайрам!
Ҳамин вақт дар кўча чанд нафар савора пайдо шуд.
– Сайрам! – фарёд зад Шариф командир. Сайрам худро ба рўи ҳавлӣ партофт.
Омадагон Ҷалол қўрбоширо даст гирифтанд…
– Шамшер чӣ хел ба дасти шумо афтод? – пурсид аз соҳиби хона амакам, ки маҳву моти ин ҳикоят шуда буд.
– Шариф командиру Сайрам тақдим карданд. Дар хонаи мо дурбини Фрунзе тўҳфа кардагӣ ҳам аст… Ана ин писарча, ки ҳозир сачоқу об овард, фарзанди калонии онҳост…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё