Зеҳн
ШАҲЧАНОР

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик буда, бо эҷодиёти рангинаш дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши амиқе гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 163 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ҚАСОСГИРИИ СОҚӢ

Соқӣ фарзанди охирини падару модар буд. Дигар фарзандҳояшон дар синни хурдсолӣ фавтида буданд.
Бинобар ҳамин падару модар ба тори мўи ў меларзиданд. Агар, мабодо сараш дард кунад, падару модари бечора шабҳои дароз мижа таҳ накарда, ўро сари даст мегардониданд. Хулоса, Соқиро ба ҳазор нозу неъмат мепарвариданд, ў ниҳоят эрка калон мешуд. Агар барои ягон рафтори ношоистааш андаке коҳиш кунанд, дуру дароз гиря мекард. Дар ин маврид агар касе Соқиро механдонд, албатта, аз тарафи модару падар мукофот мегирифт. Ҳамин тавр Соқӣ дар оғўши ғамхориҳои зиёде парвариш меёфт.
Ногаҳон модари номуроди Соқӣ бо дили пур аз орзу вафот кард. Дере нагузашта падараш хонадор шуд, моиндари Соқӣ ба ў меҳр баст ва ҳатто аз модараш ҳам беҳтар ўро парвариш мекард. Соқӣ ҳам ўро чун модари ҳақиқӣ мепиндошт. Чун пештара бо нозу нуз ва эркагӣ тарбият меёфт. Азбаски падари Соқӣ обрўманд буд ва баъзе одамони тамаллуқкор медонистанд, ки Соқӣ писари ягонаи падар аст ва аз навозишҳои маккоронаи онҳо нисбат ба Соқӣ шод мешаванд, онҳо меҳрубониҳои рўякии худро даҳчанд мекарданд. Гоҳ ўро монанди лўхтак даст ба даст мегардонданд, гоҳ пуштора мекарданд, гоҳ тўҳфаҳои қиматбаҳо бахшиш менамуданд.
Махсусан тағоҳои ўгаяш рўзҳои дароз Соқиро дар китфашон гирифта мегаштанд. Кас гумон мекард, ки Соқӣ ҷону ҷигари онҳост.
Синни ў акнун ба даҳ расида буд, ки падараш ба касали вабо гирифтор шуду вафот кард. Мероси бойи падар, ғамхории модар ва «меҳрубониҳои» тағоҳои угай чунон зиёд буд, ки сағирагӣ ба гўшаи хотираш ҳам намеомад. Махсусан ин модари наҷиб ҳамеша кўшиш мекард, ки аз ягон ҷиҳат Соқӣ сағира монданашро ҳис накунад.

пешина
аз 163
навбатӣ