ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа
Ман ба Вася-амак салом додам.
– Ин ҷо биё, ашно! – гуфт ӯ ба ҷои алек, – корат бисёр аст?
– Не, ҳеҷ кор надорам, Вася-амак.
– Гард набошад, андак ёрӣ кун.
Ман, ки аз шодӣ қариб буд дилам аз хонааш барояд, аз паси ӯ ба даруни шахта қадам мондам.
Посбон, ки гуфтугӯи байни мову Вася-амакро шунида буд ва маро мешинохт, чизе нагуфт.
Вася-амак ба хамгашти шахта расида, аробачаро ба тарафи чап гардонд.
Дар пеши назари ман як ғори калони рост ва дуру дарозе кушода шуд, ки охираш дида намешуд.
Ман чашмонамро ба дард оварда, ба пеш нигоҳ мекардам, аммо касеро намедидам. Дар шахта гӯё ҷонзоте набуд. Танҳо аз як ҷои дуре ғарроси беороми чизе арангаранг ба гӯш мерасид.
Вася-амак боз андаки дигар пеш рафту баъд ногоҳ бозистода аробачаро ба як шохчаи роҳи оҳан, ки ба мисли ангушти шашуми модарзодӣ аз роҳи асосӣ ҷудо шуда меистод, гузаронд ва аз кисаи сари корҷомааш калиди дарозеро гирифта, ба девори сангини шахта наздик шуд.
Ман ба девор назар андохта, даричаи хеле баланди камбареро дидам, ки ба рӯяш тахта-тахта оҳан зада шуда буд. Ба рӯи дарича гарду чанги маъдан нишаста, онро ба девори сангини шахта ҳамранг карда буд.
Вася-амак даричаро кушода, ба дарун даст кард. Чароғ даргирифт.
Ман, ки худро ба яке аз хазинаҳои зеризаминии «Ҳазору як шаб» афтода мондагӣ барин ҳис мекардам, бо чашмони аз ҳайрат бузургшудаи худ ба дарун нигоҳ карда, як хонаи сангини хеле васеъро дидам, ки тақрибан тамоми сатҳи он бо қуттиҳои болоиҳам чидашуда банд буда, танҳо дар як кунҷи он, дар наздикии дарча столу стул гузошта шуда буд.
Вася-амак аз таҳи стол як яшики холиро гирифту оварда бар болои аробача гузошт. Баъд гашта ба хонача даромаду сарпӯши яшикеро кушода, аз даруни яшик як қуттичаи чоркунҷаи дарози коғазинро берун овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё