Зеҳн
ТОБИСТОН

Повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис ба ганҷинаи адабиёти бачагонаи тоҷик чун яке аз асарҳои беҳтарин дохил аст. Дар китоб ҳамчунин як зумра ҳикоёти ӯ пешкаш шудааст, ки ба хонандаи гиромӣ таассуроти хуш мегузоранд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 130 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ӯ қуттичаи коғазинро бо чунон эҳтиёт дар даст нигоҳ медошт, ки гумон мекардед, зарфи булӯрини ниҳоят нозук ва бебаҳоеро бардошта меояд. Вася-амак бо ҳамон эҳтиёт, нӯг-нӯги по қадам монда, ба назди аробача омад ва қуттичаро беозор ба як кунҷи яшик гузошт.
Ман ба даруни қуттича нигоҳ карда, чор дона чизи сафеди дарозакро дидам, ки бо шакли худ пилтаи коғазини мушакро ба хотир меовард.
– Ашно, – гуфт Вася-амак, – ин ҷо биё. Ту болои стул баромада, як яшики ин қуттичаҳоро гирифта медиҳӣ, ман бурда ба аробача мемонам. Лекин эҳтиёт шав, ки наафтӣ. Капсул надорад-ку, лекин ба ҳар ҳол, гуфта намешавад...
Яшики аробача пур шуда буд, ки Вася-амак дари хоначаро қуфл карду гуфт:
– Донистӣ, ин чӣ будааст?
– Не, – гуфтам ман, – нафаҳмидам.
– Ҳе, ашно! – ба китфи ман тап-тап зада гуфт Васяамак. – Кӯҳро талқон мекардагӣ ана ҳамин чиз-дия!
Баъд бо ханда илова кард:
– Агар ҳозир, Худо накарда, ба ин яшик ягон чарахса оташ афтад, ҳардуямон ҳам рост ба ҷаннат меравем.
Наметарсӣ, ашно? – ва бо табассум, чашмонашро нимроғ карда, ба ман нигоҳ карда истод.
– «Аз чумчуқ тарсӣ – арзан накор» гуфтаанд; метарсидам – ҳамроҳатон намеомадам, – гуфтам ман далерона.
Ҳарду хандида фиристодем.
– Канӣ, рафтем, – гӯён Вася-амак аробачаро оҳиста ба ақиб тела тода, боз ба роҳи асосӣ даровард.
Аробача аз рӯи релсҳои силиқи ҷилодор ҳамвор шино карда мерафт.
Ман аз паси Вася-амак қадам монда, бо мароқ ба чор тарафи шахта назар мекардам.
Ғори шахта то рафт васеъ шуда, шифташ баландтар ва баландтар мешуд. Ҳавои шахта ҳам дараҷа ба дараҷа салқинтар мегардид.
Ногоҳ ман ҳис кардам, ки патинкаам тар шудааст ва ба замин нигоҳ карда, дар равшании хираи чароғи шифт дидам, ки зери поямро об гирифтааст.

пешина
аз 130
навбатӣ