ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва дар Машҳади Разавия, дар рӯзи Ошуро, рофизиён маъракаи бузурге ороста, маросими мотам ва қасос барпо карданд, ва ҳама расму одат ба ҷо оварданд, ва дар охир калони онҳо фармуд:
– Он беадаби золимро биёред, хок ба даҳанаш!
Ва оварданд, – сурате аз чӯб ва гӯё ба шакли Абӯбакр, ва Калон ҷониби он хитоб кард:
– Шарм надоштӣ, хилофатро, ки ҳаққи ҳалоли Муртазо Алӣ буд, ба ҷабр аз ӯ гирифтӣ?!
Ва ишораи бурут кард, ва тӯда чӯбҳо гирифтанд ба даст ва заданд ба сару бари сурати чӯбин, ва пора-пора карданд. Ва он порапарчаҳо дур андохтанду сурати дигаре оварданд аз чӯб, ва гӯё ки ба шакли Умар, ва ҳамон гуноҳ ба рӯйи ӯ гуфтанд, ва чӯб заданду тикаву пора карданд, ва дур партофтанд; ва сурати саввум оварданд аз чӯб, ки ин аст Усмон, ва ҳамон айб ба гарданаш бор карданд, ва чӯб бардоштанду заданду титу питашро бароварданд. Баъд сурате оварданд аз чӯб, калонтар аз он суратҳо ва аз ҳамааш хушрӯтар. Ва Калон даҳон ба гила кушод:
– Туро шери Худо гуфтанд. Туро соҳиби зулфиқор карданд. Асадулло ал–ғолиб ном доданд. Туро чӣ бало зад, ки ба мағлубӣ тан додӣ, ва ба ноҳақ кардани инҳо ҷавоби савобе надодӣ?
Ва Калон имойи бурут кард.
Ва тӯда чӯбҳо бардоштанд ва ба сари сурати чӯбин фурӯ кӯфтанд, ва шикастанду дур андохтанд; ва оварданд сурати наве аз чӯб, ва Калон даъво пеш гузошт:
– Худойи таъоло мавҷудоти рӯйи замин ба туфайли ту халқ кард. Туро писари амак ва домоде буд, ки ворис донистӣ. Пас чаро ҳукм накардӣ, ки ба ғайри вай дигар касе дар курсии хилофат нанишинад?!
Ва Калон ишораи бурут кард.
Ва тӯда ҳуҷум оварданд, ва чӯбҳо ба фарқи сари сурати чӯбӣ кӯфтанд, ва қима-қимаашро бароварданд…
Ва як сиистонӣ, ки шоҳиди ҳол буд, дар Бухоро ин ҳодисаро дар мадраса нақл кард, ва толибилмони мадраса, ҳангоми саёҳат дар беруни шаҳр маросими Ошуроро диданд, ва аз ҷумлаи онҳо яке тамошокунон он қиссаро ёд овард, ва хандаашро нигоҳ дошта натавонист, ва хандаи ӯ ба шиъаҳо сахт расид ва ӯро дошта мушту лағат заданд; ва ёрони вай тарсиданду гурехтанд, ва фиғонкунон ба шаҳр даромаданд, ки «шиъаҳо толибилмро зада куштанд», ва мадрасаҳо ба по хест, ва Қозикалону Раис, ки ормони Қушбегӣ шудан доштанд, ва баҳона меҷустанд, ва Қушбегӣ, ки бобокалонаш шиъа будаст, мавридро муносиб ёфтанд ва сунниҳоро шӯр андохтанд, ва оташи ҷанги сунниву шиъа дар шаҳр даргирифт, ва дар як шабонарӯз аз ду тараф хуни даҳ ҳазор марду зан ва кӯдак рехт…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё