ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва буҷулаки пояш баромад… Нонталабон нон наёфта ҷон медоданд, ва ҳақиқатталабон дар талош, ки ҳақро ба ҳақдор расонанд, ҷон мекоҳонданд; ва дар Каркӣ омадани поезди аввалинро пешвоз мегирифтанд – бо тантана, бо байроқу шиор, бо нону намак, бо гулу гулдаста; ва зану мард ва пиру ҷавоне, ки арбобон хабар карда, ба зӯрӣ ба вокзал овардаанд, тамаллуқе ба мансабдоре мезаданд, чолокии худро нишон медоданд, хамёза мекашиданд, роғ мерафтанд, ва дастаҳойи хос карнай мекашиданд, дойра мезаданд, ашӯла мехонданд, рақс мекарданд, ва ваъз мегуфтанд, ки «Императори Аъзам ғами шуморо мехӯрад, эй мардум! Ба қадраш расед! Ба ҷонаш дуъо бикунед!» Ва як нафар пири бонуфузи шаҳр ва як нафар аз аҳли савдо, ва як нафар намояндаи занҳо, ва як нафар аз ҷумлаи коргарони ҷавонро болойи минбар даъват карданд, ва онҳо ба минбар баромаданд, ва арзи садоқату сипос карданд; ва ҳар кадоме аз онҳо, дар оғоз ва анҷоми суханаш, таъкид кард, ки «ман аз номи худам ва аз номи ҳамкасбонам, ба Императори Аъзам, барои ғамхориҳояш дар ҳаққи мо, ҳазор ташаккур мегӯям, ва қавл медиҳам, ки ба хидмати Императори Аъзам вақту ҷонамонро дареғ намедорем». Ва болшевик Петрухин, ки дар роҳи оҳан кор мекард, бе рухсати раёсати митинг, сари минбар баромад, ва рӯ ба сухангӯёни фармуда овард:
– Гапатон бошад, аз номи худатон гӯед. Ба шумо кӣ ҳақ додааст, ки аз номи халқ гап занед? Ё аз номи гурӯҳи одамон гап занед? Шумо ин хел ҳуқуқ надоред! Шумо дар роҳи оҳан кор накардаед, шароитро надидаед, азобу маҳрумиятҳояшро намедонед, аз кадом ғамхориҳо лоф мезанед?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё