ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Дар таги ҳар як тахтаи ин роҳ ҷасади гуруснаву ташна ва азиятдидаву офтобзадаи як коргар хобидааст.
Ин поезд аз болойи ҷасади мардуме мегузарад, ки дар талоши рӯзгор нон наёфта ҷон бохтаанд. Ташаккур ба кӣ бояд гуфт? Ба онҳое, ки дар сахтӣ ҷон додаанд, ё ба Императори Аъзам, ки ҷабран ҷон ситонидааст?!
Ва аз гиребони Петрухин кашида аз минбар фуроварданд, ва бадарға карданд. Аслан худаш дар бадарға буд, – аз Қазон ба Чирчиқ бадарға шуда буд, ҳоло гирифтанду аз Осиёи Миёна тарафи Шарқи Дур пеш карданд. Ва бадарға, ва пеш кардан хеле бисёр шуда буд дар Русия, ва одамони ба табъашон нофорам, – ростгӯ, озодихоҳ, инқилобӣ ва асирони ҳарбиро бадарға мекарданд ба кишвари Туркистон, ки аз марказҳойи маданӣ дур аст, музофот аст, азоби бемаърифатиро кашида гарданд; ва номи Туркистон, ки ба ҷуғрофия ҳеҷ рост намеомад, аз такрори бисёр ва шумори ҳуҷҷатҳо гӯшнишини ҷаҳониён мешуд, ва номи аслии мулку миллат ба фаромӯшӣ мерафт, ва мардуми бумӣ ба туркӣ шӯҳрат меёфтанд, ва ин номи сохта дар харитаҳо ҷо гирифт, ва оқибат кӯчиҳоро ватандор ва соҳибони аслии ватанро ватангадо кард; ва ҳамайи ин баъдҳо тақвият меёбад, вале алҳол ин кишвар, аз як сӯ ҷойи бадарға ва аз сӯйи дигар ҷойи паноҳбарӣ буд. Ва парешониву шӯру шаре, ки давлати муқтадири Русияро фаро гирифт, ба ин тарафҳо кӯч мебаст, ва рӯзгори ошуфтайи халқро боз ошуфтатар мекард, – инқилобиёне, ки ба ин ҷо бадарға шуданд, ва озодихоҳоне, ки аз таъқиби ҳукумати подшоҳӣ гурехта ба ин тарафҳо омадаанд, чун мубалиғони зиндагии одилонаи фарзанди инсон фикрҳойи хобро бедор мекарданд, ва фикрҳойи бедорро ба ҷунбиш меоварданд; ва муздурон аз иҷройи фармонҳо саркашӣ мекарданд, ва даст ёбанд, мансабдоронро мушту лагад мезаданд, ва ҷабрдидагон ғун омада, аз ҷабркардаҳо қасос мегирифтанд, ва дузду роҳзанҳо моли одамон ба ғорат мебурданд, ва лоф мезаданд, ки дасти афтодаҳоро гирифтаанд, … Ва чилу панҷ баталион аскар ва чилу ҳашт дастайи саднафарайи казакон ва нуздаҳ батареяи артиллерия ва шасту се ҳазор аскари варзидаву ҷангдида, ки посдори амният дар ин кишвар буданд, ҷидду ҷаҳд доштанд, вале наметавонистанд амниятро таъмин бинамоянд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё