Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва аз вилоятҳову кишварҳо ба пойтахт, ба Петербург, пайи ҳам чунин хабарҳо мерасид; ва аз Петербург ба вилоятҳо ва кишварҳо дастур омад: «Пахш кунед, паронед, ба суд диҳед, ба ҳабсхонаҳо партоед». Ва ба генерал-губернатори Туркистон барқия расид: «Сустӣ накунед. Ошӯбҳоро беамон пахш кунед. Бахусус, мардуми бумӣ ҳаракатҳойи бадбинӣ ва эътироз кунанд, филҳол пешашро гиред. Бераҳмона ҷазо диҳед.
Решаашро сӯзонед, ки ба дигарон ибрат шавад. Ба қувва ва қудрати мо минбаъд шакку шубҳа боқӣ намонад».
Ва Императори Аъзам решаҳойи ошӯбу исёнро месӯхт, ки дигарон ибрат гиранд, ва решаҳо ончунон мустаҳкам буданд, ки дар Чорҷӯ сӯзонанд, дар Хоразм аланга мезад; ва дар Хоразм фурӯ нишонанд, дар Фарғона дармегирифтанд… ва Азизмурод хабарҳойи аз дуру наздик расидаро тарҷима мекард барои губернатор, ки «Гулмуроди дузд дафъаи саввум аст, ки аз ҳабсхона гурехтааст. Алҳол бо як гурӯҳ ҳамдастони мусаллаҳ дар Ҷому Арабхона ва дар Чалаку Даҳбед ва дар Ургуту Панҷшанбе ва дар Митану Қипчоқ, ғоратгарӣ мекунад. Одамони вай молу мулки дороҳоро зада мегиранд. Дар Нурато, Кармина, Зирабулоқ, Қаршӣ ва Китоб пайравон доранд». Ва ин Гулмурод дар асл як одами Худотарс буд, ки хидмати қозии Даҳбед эшони Невархонро мекард, ва Невархон шаҷараашро то Шайх Махдуми Аъзам мерасонд, ва гӯё ба мерос аз Махдуми Аъзам деҳоти се дараи болооби Зарафшон, ки бисту ҳафт деҳа дошт, ба ӯ ҳар тирамоҳ назр медоданд; ва анборҳояш аз чакка, қурут, равған, ғӯлинг, тутмаиз, пашм, ва оғилҳояш аз бузу гӯсфанд, пур мешуд, ки вай аз ин ҳама моли ройгон хасе ба касе намедод, аммо дар сӯҳбату ваъзҳо, бо даҳони пур, аз адолату саховати Шайх Махдуми Аъзам сухан мегуфт ва мисол меовард, ки «агар гуруснаеро медиданд, аз ғам шаб хобашон мепарид, ва лучеро бинанд, ҷомаи танашонро кашида медоданд».

пешина
аз 435
навбатӣ