ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
чӯпонӣ ва дар деҳаву даштҳо банди кори деҳқониву боғдорӣ; ва занҳо аз пурсуков ва тафтишу таҳдиди ҷангалбонҳо ба танг омаданд, ва хода, мех ва усӯхта ба даст гирифтанд, ва сагҳоро кишкиш доданд, ва бо дуъойи баду дашномҳойи қабеҳ ба сари онҳо ҳуҷум оварданд, ва суронда аз девлох бароварданд, ва то дар нишебии бароз аз назар пинҳон шуданашон, аз дунбол санг ғуронданд, ва таҳдид карданд, ки :
– Як бори дигар ҳамин ҷоҳо биёед, зиндаву саломат намеравед!
Ва одамони волостной, барои тарсондани чашми мардум, дар остонайи деҳаи Ёрӣ ҳаштод хар ҳезум ва ҳаштод табарро мусодира гирифтанд, ва мардум ба ғазаб омаданд, ва бо сангу чӯб он қадар ба сари он амалдорон ва аспҳойи онҳо заданд, ки бо як азобе гурехта, ҷон ба саломат бурданд. Ва баҳори ҳамон сол сели калоне омаду деҳаи Киштӯдакро шуста бурд; ва мардуми бехонумон баъди сел, аз рӯди Кӯҳак як моҳ болору сутуну васа бароварданд, ки «ҳар чӣ аз бало монад, ба фойдаи мост», вале одамони ҳукумат даъво карданд, ки «дурӯғ мегӯед, чӯбро бе иҷозат буридед, товонашро бидиҳед». Ва ҷанг шуд байни аҳолӣ ва одамони ҳукумат, ва аҳолии деҳа одамони ҳукуматро зада-зада то идораашон, то шаҳри Панҷекат сур карданд; ва дар деҳаи Чоркӯҳи волости Исфара, сардори уезди Қӯқанд капитан Румянсевро, ки барои ба салоҳ овардани ҷанҷоли об ба ин ҷо омада буд, бо даҳ нафар ҳамроҳаш ба иҳота гирифтанд:
– Занед инҳоро! Кушед инҳоро!
Ва заданд бо ҳар чизе, ки зери дасташон омад, ва аз асп афтонданд, ва поймол карданд, ва қоғазу ҳуҷҷатҳоро кашида гирифтанд, ва даронда партофтанд, ва Румянсев ду даст боло бардошт, ки:
– Ман ба корҳойи шумо дахолат намекунам. Ихтиёр ба худатон. Осақоли нав интихоб кунед. Обро худатон тақсим кунед. Ман кордор не.
Ва дар сар то сари империяи Русия аҳвол чунин буд, – мардуме, ки дирӯз мутеъ буданд, имрӯз итоат кардан намехостанд, ва пештар музди корашонро надиҳанд, ҳосили кишташонро тороҷ кунанд, заминашонро гиранд, ба кори маҷбурӣ баранд, аламашон меомад, азоб мекашиданд, ғазабашон меҷӯшид, вале тоқат мекарданд, дардашонро фурӯ мебурданд, ва зиёди зиёдаш дар хонаву чойхона, аз дасти замона, ҳасрату шикоят мекарданд, ва акнун ин дарду аламҳо дар дилу дар хона намеғунҷид, ва берун зад, ва ба кӯча ва ба майдонҳо ва ба минбарҳо баромад; ва дар шаҳрҳо асбобу олоти зовуду фабрикро мешикастанд, ва дар музофот хонаи мансабдоронро месӯзонданд, ва помешчиконро аз пояшон ба шохи дарахтҳо меовехтанд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё