ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Ва мансабдорони мулк аз тарафи давлат маоши моҳонаву солона намегирифтанд ва харҷи сарвату дороияшонро бори гардани беваю бечора мекарданд ва бо ҷабру ситам замин, ғалла, мева ва аспу хару гӯсфанду бузашонро кашида мегирифтанд; ва одамони ғаюр исён мекарданд…
Ва гумоштайи Русия дар Бухоро Сомов ба Амир маслиҳат дод:
– Мехоҳед, ки орому осуда зиндагӣ кунед? Мехоҳед!
Пас ба мансабдорон маош диҳед, моҳона диҳед, ки онҳо халқи бе ин ҳам муфлисро худсарона талаву тороҷ накунанд. Зиндагии халқ осуда бошад, салтанати Шумо ҳам осуда мешавад.
– Мо ин хел расму одат надорем, – риш хилол кард Амир. – Худи ман беки Қаршӣ будам. Медонам, ки бедахле аз ҳисоби мардум, бекигарӣ карда намешавад. Агар онро манъ кунем, ба ҳамаи мансабдорон маош додан лозим меояд. Як дарди сари зиёдатӣ.
Ва Қурбонмуроди муфтӣ ҳам дар сари чунин ақида буд, ки Сомов мегуфт; ва ҳафт ҳиссаи муллоёни аморати Бухоро, ки аз ботлоқи хурофот раҳида, ба ҳоли Оламу рӯзгори Одам бо чашми кушода ва гӯши шунаво менигаристанд, ғам мехӯрданду талош доштанд, ки як рӯзгори наве барои мардум зарур аст, ва ҳукмдорон бояд, ки тарафдору дастгири салоҳи кор бошанд, чунки агар чунон нашавад, оқибаташ войу вовайлост; ва ба шаръи шариф тафсирҳойи нав менавиштанд ва ҷадвали дарсҳоро тағйир медоданд, ва мактабҳойи нав мекушоданд, ки талаба дар як сол хонаду навиштанро баробар ёд гирад; ва ширкатҳову иттифоқҳо пайдо мешуд, ки дастбадаст мушкилеро осон бикунанд, ва ширкатҳову иттифоқҳо маблағҳойи муштарак ғун меоварданд, ва харҷи сафари толибони илм ва харҷи нашри китоб ва харҷи таъсиси рӯзнома мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё