Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва Амир ҳамаи онҳоро душмани дину имон ва душмани имрӯзу охирати халқу халоиқ донист, – онҳоро таъқиб кард, бадарға кард, ҳукми қатл баровард. Ва дар таърихи аморати Бухоро нахустин бор ташкилотҳое арзи вуҷуд кард, ки гурӯҳи одамон як ҷо шуданд, ва бо амири вақт дар муқовимат истоданд, ва суханҳо гуфтанд ва мақолаву рисолаҳо навиштанд, ки «Зиндагӣ дар Бухоро бисёр бад аст. Онро хеле хуб кардан мумкин аст».
Ва муқовиматгарон дар оғози кор забон як карда натавонистанд, ва дар нимароҳ ба ҷадидони қадим ва ҷадидони нав ҷудо шуданд, ва дар сиёсату мақсад ба ду меҳроб рӯй оварданд – ба Туркияи Усмонӣ ва ба Русияи инқилобӣ.
Ва бесару сомонӣ дар ҷомеа, чун ҳамеша, бозори фолбину ғайбдонҳоро гарми гарм кард, ва кароматҳойи Бибисоҷида, беваи Саидмуроди Қушбегӣ, нуқли сӯҳбат дар хонаҳо, дар меҳмонхонаҳо, дар кӯчаҳо, дар бозорҳо ва ҳатто дар мадрасаву мазорҳо буд; ва мартабааш ба пояе баромад, ки хурду калон ва ҳозиру ғойиб боэҳтиром ӯро Бибисоҷидаи Валӣ мегуфтанд; ва аз ному забони Бибисоҷидаи Валӣ ривояте паҳн шуд, ки Фариштайи Ободӣ, ҳамон Фариштае, ки арвоҳи Саидмуроди Қушбегӣ рафта аз Осмони ҳафтум ба аморати Бухоро овард, ҳолу аъмоли касифи мулку халқро дида сахт ба ғазаб омадааст, ва чилу чор малоикаеро, ки кафили ободии ин сарзамин таъин карда будааст, сахт ҷазо додааст, ки ту айшу ишрати худатро муқаддам аз хизмати халқ донистӣ, рав, ҷойи ту дӯзах; вай ҳаромхӯрӣ кардааст, ришва гирифтааст ва ҳақро ноҳақу ноҳақро ҳақ гуфтааст, равад ба ҷаҳаннам; шумоён рӯйи хотири як нони равғанӣ ва як порча матои рангин, хушомад гуфтаеду лаганбардорӣ кардаед, ва рисолати Инсонӣ ба ёдатон наомадааст, ҳамаатон воҷибулқатлед.

пешина
аз 435
навбатӣ