Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дафтари саввум

САЛТАНАТИ АДОЛАТ

Дилмуроди Азизмурод бехонумон шуд. Ҳавлиашро сӯзонданд. Ва дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Ҳисор, Кофарниҳон, Норак, Данғара, Сарбанд, Вахш ва ағбаҳои Фахрободу Ёвон ҷангҳои бетартиб торафт авҷ мегирифт.
Ва амнияти давлатро касе ҳимоя намекард, – вазорати корҳои дохилӣ эълон кард, ки «мо ба ҷанҷоли шумо дахолат намекунем. Мо бетараф». Кумитаи бехатарии давлат тамошобин шуд, ки «худатон ҷанг кардаед, худатон ҳисобатонро ёбед». Ва давлат бесоҳиб монд, ҳарчанд ки дастаҳое сари дастархони мансаб нишаста буданд ва маҷлису машваратҳо мегузарониданд, ва муроҷиатномаҳо нашр мекарданду қарорҳо мебароварданд, таъсире ба вазъи ҳол надошт, – гурӯҳҳои даргир бо якдигаркушӣ ва ғоратгарӣ машғул буданд, ва халқ дар хонаи худаш, дар Ватани худаш, гуреза шуд. Ва акнун на фақат оби наҳри шафати деҳаи Дилмурод, балки ҳавлиҳо, анборҳо, гармхонаҳои лимӯ, автобазаҳо месӯхт.
Ва Дилмурод ҳам аз водии Вахш фирор кард. Вай дасту по ва гурдаи силоҳ гирифтан ва ҷанг кардан дошт, вале силоҳ нагирифт, ҷанг накард, – сахт бемаънӣ буд ин ҷанг ба фаҳмишаш. Бо кӣ меҷангӣ? Барои чӣ меҷангӣ? Ба муқобили падару модару бародарат?! Барои мансаб гирифтани ину он намояндаи маҳалат?! Ҷангро ҳам бадном карданд ин автоматдорони навбаромад.
Ва Дилмурод аз идораи Суди Олӣ, ки ба умеди шуғле ёфтан рафта буд, ноумед баргашт ба хобгоҳи фабрикаи бофандагӣ. Фабрика кор намекард. Хонаҳои хобгоҳ аз нисф зиёд холӣ буд ва гурезаҳо панаҳ мебурданд ва ӯ ҳам.
Раиси Суди Олӣ дар кадом як машварат будааст, ва ду-се шиносашро дид ва онҳо гуфтанд, ки «ҳоло саг соҳибашро намеёбад, ягон илоҷи рӯзгузарониатро худат ёб, дар ин ҷоҳо ҳеҷ умеде нест».

пешина
аз 435
навбатӣ