Зеҳн
ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.

Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва барои ислоҳи кор як Комиссиони бонуфуз фиристодааст, ки бинед сабаби вайронӣ чист?
Ва дар бисту ҳашт бекигарӣ ва нӯҳ тумони аморати Бухоро фақат аз ин бобат гап мезаданд, ва мегуфтанд, ки Фариштаи Ободӣ ба раиси Комиссион супориш додааст ва таъкид кардааст, ки Шумо дар кори хайр суст набиёед ва бо мансабдорони беинсофи аморат ҳамон кореро бикунед, ки ман бо малоикаҳойи бепарвою бемасъулият кардам; ва халқи бисту ҳашт бекигарӣ ва нуҳ тумон ба умед буданд, ки Комиссион сабабҳойи вайрониро меёбад ва сабабгоронро ба ҷавобгарӣ мекашад, ва Бухоро обод мешавад, қатори мамлакатҳойи серу пур мешавад, ва Фариштайи Ободӣ қавл додааст, ки минбаъд худи ман сару сомони кори аморати Бухороро назорат мекунам, ва мардум бовар мекарданд.

1 ноябри соли 2005

пешина
аз 435
навбатӣ