ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
Дигар касе онҳоро фиреб дода наметавонад, истисмор карда наметавонад, заминашро гирифта наметавонад, ҳосилашро ғорат карда наметавонад. Дастибадаст заҳмат мекашанд, паҳлу ба паҳлу меистанд, рӯзгори осоишта, серу пурашон таъмин мегардад. Ана, фойда ҳамин!.. Ҳар як камбағал ҳақ дорад, ки аъзои иттифоқи ҷуфтгарон шавад.
Касони миёнаҳол ҳам, агар ба шартҳои иттифоқ розӣ бошанд. Лекин дар ин иттифоқ ба муфтхӯрон,– истисморгарон, бекорхӯҷаҳо, заҳматгурезон ҷой нест!.. Минбаъд чоряккору хаштяккор гуфтанӣ гапҳо нест. Ҳар кас барои худаш ва барои ҳама кор мекунад. Ҳаққи ҳалолашро худаш мегирад. Дигаре ҳақ надорад, ки ба моли вай даст дароз кунад. Зеро ки соҳиб худаш аст, барои ягон соҳиби дигар кор намекунад, барои худаш кор мекунад!.. Ҳар кӣ, ҳар чӣ дорад, худаш истифода мебарад. Хоҳад ба дигарон ёрии беғаразона мерасонад ва дигарон ҳам ба ӯ холисона дасти ёрӣ дароз мекунанд…
Ва овоз доданду иттифоқи ҷуфтгаронро ташкил карданд ва номгӯи аъзоёнро навиштанд, ва қарор бароварданд, ва шаб фаро расида буд, Азизмурод имкони ба шаҳр баргаштан надошт, ва Ниёзбой бино ба одати дастархондориаш ва андешаи он ки «амалдоре меҳмони хонаи ӯ бошад, байни мардум обрӯяш баланд мешавад, ва аз амалдорони шинос ҳамеша манфиате мерасад», ба вай наздик омад:
– Имшаб меҳмони мо шавед.
Ва Азизмурод рад кард:
– Ҳукумати шӯро, ҳукумати камбағалон. Ман намояндаи ҳамин ҳукумат. Меҳмони камбағале мешавам.
Ва ӯ ба меҳмонхонаи васеу равшану ороставу сернозу неъмати Ниёзбой не, ба кулбаи похсадевору тангу торики Ҳасани ҷуллин рафт, ки соҳибхона на барои меҳмон, балки барои аҳли хонаводаи худ ҷой ва асбоби зарурии хоб надошт…
Ва Холиқдоди безамин, хизматгори дари Эшони Бобоамин, ҳангоми тақсими замин, аз гирифтани ҳақаш рӯ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё