ҲАЙҶО

Кӣ будем? Кӣ шудем? Кӣ мешавем? Фақат баъди Истиқлоли воқеӣ гирифтани Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои мувофиқ ва мусоиде фароҳам омад, ки аҳли қалам ба ин саволҳо ҷавоби савоб биҷӯянд ва дар ин боб андешаҳояшонро пинҳон надоранд ва аз роҳи рост берун нараванд.
Агенти Зеҳнӣ · 2 октябри 2026 · 435 саҳифа
гардонд:
– Намегирам замини каси дигарро. Ҳосилаш ҳаром аст ба ман.
Фардо рӯзи қиёмат чӣ ҷавоб медиҳам?!
Танобгар шарҳ дод:
– Эй мардаки ғафлатзада ва дунёбехабар! Ҳамин қадар фаҳм надорӣ, ки замин моли Худост ва барои бандаҳои Худост. Ту ҳам бандаи Худо ҳастӣ ва ту ҳам ба замин ҳақ дорӣ.
– Медонам, ба замин ҳақ дорам. Замини моро падарам дар вақтҳои ҷавониаш фурӯхта падарашро гӯру чӯб кардааст. Чилу се сол шуд, ки ман безамин. Лекин замини каси дигарро намегирам, гуфтам, намегирам.
– О ин замини каси дигар нест. Замин ҳамааш давлатӣ шудагӣ. Давлат замин медиҳад ба ту.
– Гуфтам-ку! Замини мардумро намегирам…
Ва танобгар аз ҷабри бою муллову эшон ва адолати ҳукумати нав гуфту гуфт, – гуфт, ки ситамгарони бераҳму носерам, бо ҳар баҳонаву ҳиллаву найранг, заминро соҳибӣ кардаанд ва ману ту барин нодонҳоро фиреб дода кор фармудаанд, ва дар мағзи сару ҷонамон сунба задаанд, ки тақдири пешониамон чунин будааст, – заҳмат аз мо, роҳат аз онҳо, ва мо, дунёбехабарон, онҳоро ҷанобу хӯҷаину валиву эшону мулло гуфтем, – даст пеши бар гирифтем ва итоату таъзим ба ҷо овардем, ва бо сари хаму шиками гуруснаю либоси дарида, мурда-мурда арақи ҷабин рехтем, ва обилаи дастамон малҳаме надид, вале умре якамон ду нашуд. Ҳукумати нав он ҳама беадолатиҳоро барҳам дод, ёри ману ту баринҳо шуд, ки чашм кушо ва сар баланд бикун, ту аз онҳо кам нестӣ! Балки беҳтарӣ! Ақлатро кор фармо ва ҳаққу ҳуқуқи худро бишинос! Ту бошӣ, ҳоло ҳам аз кадом як ҳалолу ҳароме сухан мегӯйӣ, ки истисморгарон ба сари мо бор кардаанд.
Фаҳмидӣ гапу калочаи ҷаҳонро!?
Вале Холиқдод нафаҳмид, – аз раъяш нагашт ва бо эътироз аз маъракаи тақсими замин баромаду рафт.
Ва Эшони Бобоамин, ки собиқан аз номи ӯро ба забон гирифтан ъор мекард, ба садоқати вай имон овард, ва рафтори ӯро, ҳамчун намунаи ибрат ба минбари ташвиқу тарғиб баровард, – мусулмонӣ ҳамин аст, ки Холиқдоди намакшинос дорад!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё